Хабарҳо

Оморро нодуруст шарҳ надиҳед
АСОСӢ, Дохилӣ, Матбуот, Хабарҳо

Оморро нодуруст шарҳ надиҳед

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба паҳн гардидани иттилооти носаҳеҳ дар бархе воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ, вобаста ба омори фаъолияти рӯзномаву ҳафтаномаҳо, изҳор менамояд, ки дар нишасти матбуотии Вазорат, ки 26 январи соли 2026 баргузор гардид, фарқияти омори баҳисобгирии рӯзномаҳо дар солҳои 2024 ва 2025 аз ҷониби бархе намояндагони ВАО нодуруст шарҳ дода шуда, дар фазои иттилоотӣ хулосаҳои беасос ва ғалат паҳн гардиданд. Бо мақсади пешгирии таҳрифи воқеият ва таъмини шаффофияти иттилоотӣ, Вазорати фарҳанг зарур мешуморад, ки мавқеи расмии худро ба таври возеҳ ва қотеона иброз намояд. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017, №97, «Дар бораи Тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди Феҳ...
Мулоқоти вазири фарҳанг бо намояндагони Донишгоҳи Малайя
АСОСӢ, Мақолаҳо, Хабарҳо

Мулоқоти вазири фарҳанг бо намояндагони Донишгоҳи Малайя

Санаи 25-уми декабри соли равон мулоқоти вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо намояндагони Академияи тадқиқоти малайии Донишгоҳи Малайя дар ҳайати зерин: Профессор Сабзалӣ Мусо Хон – Ректори Академияи тадқиқоти малайии Донишгоҳи Малайя, профессор Аванг Азман бин Аванг Павӣ – Директори Маркази лаёқатмандӣ дар тадқиқоти малайии Академияи тадқиқоти малайии Донишгоҳи Малайя, Маҳдӣ Султонзода - муаллими калон, Академияи тадқиқоти малайии Донишгоҳи Малайя мулоқот анҷом доданд. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо бо мақсади рушди ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳангу санъат ҳавасамандии хешро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни муассисаҳои таълимӣ, инчунин омода намудани мутахассисони касбӣ ва мубодилаи таҷриба изҳори назар намуданд. Маркази матбуоти Вазорати ...
Вохӯрии вазир бо ду чеҳраи нотакрори санъат
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Дохилӣ, Хабарҳо

Вохӯрии вазир бо ду чеҳраи нотакрори санъат

Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири фарҳанг – Сатториён Матлубахон Амонзода бо ду чеҳраи нотакрор ва маҳбуби фарҳангу санъати тоҷик Малика Қаландарова – Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ки бо рақсҳои худ солҳои тӯлонӣ фарҳанги миллиро берун аз марзҳои кишвар муаррифӣ намудааст, ва Тамара Катаева – овозхони собиқи ансамбли машҳури эстрадии «Гулшан», ки бо садои фораму нобаш дар солҳои ҷавонӣ ҳазорон дилҳоро мафтун месохт, мулоқоти самимӣ анҷом дод. Ёдовар бояд шуд, ки чанде пеш дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев барномаи бошукӯҳи ҳунарӣ доир гардид. Дар ин барнома Малика Қаландарова бо иҷрои рақсҳои классикии тоҷикӣ ба саҳна рангу ҷилои тоза бахшид. Ҳар қадам ва ҳаракати ӯ баёнгари асолати санъати миллӣ ва ҳамзамон рамзи пайванди анъана бо замони муосир...
Фарҳанги либоси миллӣ
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, Хабарҳо

Фарҳанги либоси миллӣ

Либоси миллӣ яке аз рукнҳои муҳимми фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст. Боиси хурсандист, ки солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст ва ин бешубҳа, сабаб дорад. Таърих гувоҳ аст, ки Зан ва Модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост. Вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сарулибоси хосаи зебо пеши назар меояд, чаро ки занро олиҳаи ҳусн мегӯянд. Барои ҳамагон равшан аст, ки дар Тоҷикистони азизи мо атласу адраси чашмрабои мардуми Суғд, гулбасту куртачаканҳои дилкаши ҳунармандони Хатлон, гулдӯзиҳои нотакрори чеварони минтақаи Рашт...
Ҷавҳари ҳастӣ
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Хабарҳо

Ҷавҳари ҳастӣ

Муҳимтарин сарчашмаи рушди ҳар як давлати соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ, ягонагӣ, иттиҳод ва истиқлоли давлатӣ маҳсуб мешавад. Ҳаводиси сиёсии охири асри ХХ собит намуд, ки бе ваҳдати комил на танҳо рушд ва пешрафти кишвар ба даст намеояд, балки эҳтимоли аз байн рафтани давлати миллӣ ба миён меояд. Ваҳдати миллӣ ин натанҳо иттиҳоду ягонагӣ, балки омили асосии ҳифз ва таҳкими арзишҳои суннатӣ, таърихӣ, динӣ, илмиву фарҳангӣ ва унсур­ҳои волои миллӣ мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи буҳрони сиёсӣ масъулияти олии созандагиро ба зимаи хеш гирифта, манфиатҳои умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва маҳаллӣ боло гузошта, барои ба даст овардани ризоият ва сулҳу ваҳдати миллӣ муваффақ гардиданд. Таҷриба ва амалияи сулҳи тоҷикон имрӯз на танҳо дорои ...
ХУШХАБАР
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, Дастовардҳои соҳа, Президент, Хабарҳо

ХУШХАБАР

Сармуҳаррири маҷаллаи “Фирӯза” Мавҷуда Саидзода, дар арафаи Ҷашни Истиқлол бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти давлатӣ – медали “Хизмати шоиста" қадрдонӣ гардид. Аҳли қалами маҷаллаи “Фирӯза” муаллимаро бо ин дастовард табрик мекунанд.
Таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар Вазорати фарҳанг
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Хабарҳо

Таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар Вазорати фарҳанг

Истиқлоли Давлатӣ барои мардуми тоҷик шароити таърихие фароҳам овард, ки зимоми давлатдориро ба дасти худ гирифта, ба роҳи зиндагии орому осуда, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор гузорад. Ба муносибати таҷлили 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Вазорати фарҳанги кишвар чорабинии идона баргузор гардид. Дар ҳамоиш вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ширкат варзида, дар суханрониҳои худ аҳамияти таърихии истиқлол ва нақши онро дар рушди давлатдории миллӣ ва эҳёи арзишҳои фарҳангӣ таъкид намуданд. Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор намояндагони соҳаи фарҳанг барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар рушди фарҳанги миллӣ бо нишони...
Ҳамоиш бахшида ба 34-уми солгарди Истиқлолият
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Хабарҳо

Ҳамоиш бахшида ба 34-уми солгарди Истиқлолият

Имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ифтихори ҷашни муқаддасу таърихии 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Асадулло Раҳмон ва Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҳузур дошта, ҳозиринро бо фарорасии ин санаи тақдирсозу сарнавиштсоз самимона табрик намуданд. Дар поёни чорабинӣ як гурӯҳ аз намояндагони соҳаи фарҳанг, ки бо фаъолияти созанда, ташаббусҳои бунёдгарона ва хизматҳои арзанда дар рушду тараққии фарҳанги миллӣ саҳми назаррас гузоштаанд, бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон...
Иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ 
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ 

30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф оварданд. Нахуст, дар Донишгоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва хобгоҳу ошхонаи донишҷӯёни донишгоҳро мавриди истифода қарор доданд. Бинои 8-ошёнаи таълимии маркази рушди малакаҳо дорои 92 синфхона ва 24 ҳуҷраи корӣ мебошад, ки метавонад дар як вақт то 3200 донишҷӯро ба таълиму тарбия фаро бигирад. Таъсиси маркази таълимӣ барои таъмини идоракунии самтҳои мухталифи донишгоҳ, ҳамгироии самтҳои гуногуни фаъолият в...
«Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»
АСОСӢ, Дохилӣ, Хабарҳо

«Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»

Дар маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони зерсохтори Вазорати фарҳанг мизи мудаввар баргузор гардид.  Зимни нишаст Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоири халқии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф оид ба ин зуҳуроти номатлуби давр ва сабабу шароити барои содир намудани он мусоидаткунанда, ҳарф заданд. Зикр гардид, ки дар ҷаҳони имрӯз коррупсия дар рушди иҷтимоии кишварҳо монеаҳои ҷиддӣ эҷод менамояд. Намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рабизода Диловар оид ба оқибати ба коррупсия даст задани инсоният, роҳҳои пешгирии коррупсия ва муборизаи дастаҷамъона бо ин амали нангин ибрози андеша намуданд....