Ифтитоҳи Гулгашт ва муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ дар ноҳияи Айнӣ
11 июл сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ бо ифтитоҳи гулгашт ва муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ оғоз ёфт.
Бунёди иншоот барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эҳтиром нисбат ба шахсиятҳои барҷастаи миллат сохта шудааст.
Гулгашти Гулназар Келдӣ дар хиёбони Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар маркази ноҳияи Айнӣ доман густурда, масоҳати умумии он бо назардошти иншооти ёрирасон 900 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Иншооти фарҳангию фароғатӣ бо назардошти талаботи меъморию шаҳрсозии муосир бунёд шуда, барои фароғати сокинону меҳмонон омода гаштааст.
Саҳн ва атрофи он бо гулу буттаҳои ҳамешасабзу ороишӣ зебо ва чароғон а...










