Хабарҳо

Ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»
АСОСӢ, Матбуот, Президент, Хабарҳо

Ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»

16 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд ва баъд аз қабули Қонун ба он имзо гузоштанд. Қабули Қонун «Дар бораи авф» ифодаи сиёсати инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ба шахсоне, ки даст ба ҷиноят задаанд, имкон медиҳад, ки ислоҳ шаванд, ба назди наздикону пайвандҳои худ баргашта, ба кору фаъолияти созанда машғул шаванд. Қонуни авф ба 18038 (ҳаждаҳ ҳазору сию ҳашт) маҳкумшуда татбиқ мегардад. Аз ҷумла, аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ, аз муассисаҳои сукунатӣ ва ҷазо...
Озмун…
АСОСӢ, Хабарҳо

Озмун…

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон: 1. Сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ – фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ – 1 ҷой - таҳсилоти олии касбии олии гуманитарӣ 7 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 8 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; -донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои ўҳдадориҳои мансабии сардори раёсатро ба танзим медароранд; - донишҳои касбӣ, қобилият ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, банақшагири раванди кор ва кор бо тобеон; -малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ...
ҒОЛИБИЯТ ДАР ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
АСОСӢ, Хабарҳо

ҒОЛИБИЯТ ДАР ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Тавре маълум аст, рӯзҳои 5 то 7 июни соли 2026 дар шаҳри Климович, вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус Фестивали XXIV байналмилалии эҷодиёти бачагона таҳти унвони «ЗАНБӮРИ ТИЛЛОӢ» баргузор шуд. Дар асоси хулосаи ҳайати доварон ва натиҷаи ҷамъбасти фестивал хонандагони Муассисаи давлатии "Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев" - Ашуров Акрам, синфи 9, ихтисоси овозхони анъанавӣ, омӯзгор Саидов Сорбон "Лауреати дараҷаи якум" ва Беҳруззода Нилгуна синфи 10, ихтисоси рассомӣ, омӯзгор Грезова Адиба "Лауреати дараҷаи сеюм" гардиданд. Бо назардошти ин, маъмурияти мактаб-интернат омӯзгорону волидон ва хонандагони муассисаро бо натиҷаи баланди ғолибият дар Ҷумҳурии Беларус табрику муборакбод намуда, барояшон дар таҳсили минбаъда бурдбориҳо орзу менамояд. ...
Истиқбол аз иқдоми беназири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 
АСОСӢ, Хабарҳо

Истиқбол аз иқдоми беназири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 

Рӯзи 28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи охири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи фарҳанги ориёӣ ва сифати таълими алифбои ниёгон дар муассисаҳои соҳаи маориф беҳтар карда шавад. Нахуст бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик курси омӯзиши хушнависӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора 5 июн зимни Ҷаласаи Шӯрои илмии Сарредаксия, иттилоъ дода шуд. Зикр гардид, ки курс дар чаҳорчӯби иҷрои ҳамин дастур, бо ҳадафи густариши дониши хатти форсӣ ва ошноии бештари алоқамандон бо мероси фарҳангиву адабии миллати тоҷик баргузор мешавад. Хушнависи забардаст устод Алиризо Хушнависон, ки барои омӯзиш додани ин ҳунари миллӣ ҷалб шудааст, дар ҷаласа из...
Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия
АСОСӢ, Хабарҳо

Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия

Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ оид ба амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баргузор гардид. Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба иҷрои бандҳои 9 ва 10 Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Вазорат дар доираи амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (марҳилаи дуюм, солҳои 2026–2030) ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар доираи банди 9 ба гузаронидани таҳлили мунтазами хатарҳои коррупсионӣ дар фаъолияти Вазорат ва муассисаҳои тобеъ, аз ҷумла дар соҳаи харидҳо, тақсимоти маблағ, додани иҷозатномаҳо, бурсияҳо ва грантҳо, чораҳои амалии пешгирикунанда муҳокима карда шуданд. Дар доираи банди 10 масъалаҳои ташкили чорабиниҳои таълимию иттилоотии зиддикоррупсионӣ барои кормандони д...
Эҳтиром ва арҷгузории бузургони миллат
АСОСӢ, Хабарҳо

Эҳтиром ва арҷгузории бузургони миллат

Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли фарҳанги мамлакат, бо роҳбарии муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Фаридун Толиб ба оромгоҳи Лучоб ҳозир шуда, бо гузоштани гулчанбару гулдастаҳо хотираи фарзандони фарзонаи миллат — Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммадро гиромӣ доштанд, ки чанде қабл бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоки турбати онҳо ба Ватан баргардонида шуд. Чорабинии мазкур бо мақсади эҳтиром ба таърихи миллат, арҷгузорӣ ба хизматҳои шахсиятҳои барҷастаи давлатӣ ва эҳёи хотираи неки фарзандони содиқи Ватан баргузор гардид. Иштирокдорони маросим бо эҳтироми амиқ аз корнома ва фидокориҳои ин шахсиятҳои таърихӣ ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки маҳз талошу ҷоннисориҳои чунин фарзандони миллат дар таҳкими ...
КОРНОМАИ ТАЪРИХИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ 
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

КОРНОМАИ ТАЪРИХИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ 

19 май, бо иқдоми беназир ва таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муште аз хоки гӯри шахсиятҳои таърихиву ҷонфидои миллат - Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз шаҳри Москваи Федератсияи Русия ба Ватан оварда шуд. Маросими ҷаноза ва ба хок супоридани онҳо дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе бо риояи суннатҳои дини мубини Ислом ва эҳтироми хос баргузор гардид. Дар зер шарҳи ҳоли мухтасари ин се шахсияти қаҳрамону ҷоннисор ва фарзандони номдори миллат пешниҳоди хонандагон мегардад. НУСРАТУЛЛО МАХСУМ Нусратулло Махсум (Нусратулло Лутфуллоев) соли 1881 дар деҳаи Чашмаи Қозии водии Ғарм (ҳозира ноҳияи Рашт) дар хонаводаи деҳқон ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактабу мадраса гирифта, аз хурдӣ ба корҳои кишоварз...
Рӯзҳои фарҳангии Русия дар Тоҷикистон
АСОСӢ, Хабарҳо

Рӯзҳои фарҳангии Русия дар Тоҷикистон

Бо мақсади рушду густариши минбаъдаи равобити мутақобилан судманди фарҳангии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, аз 25 то 28 майи соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия баргузор мегарданд. Ҳайати фарҳангиву ҳунарии Федератсияи Россия таҳти роҳбарии Вазири фарҳанг Любимова Ольга Борисовна ва бо иштироки ҳунармандони маъруфу гурӯҳҳои шинохтаи санъати Россия меҳмони Тоҷикистон хоҳанд шуд. Аз ҷумла, иштироки оркестри “Фонограф-Симфо-Ҷаз” таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи халқии Федератсияи Россия Сергей Жилин, гурӯҳи балети “Тодес” ва баргузории намоиши мусаввараҳо дар назар аст. Тибқи барнома, маросими ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 майи соли 2026, соати 17:00, дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” баргузор мег...
КАСБИ ПУРШАРАФ
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, Хабарҳо

КАСБИ ПУРШАРАФ

Маҳз касби омӯзгориро интихоб намудани Насиба Раҳмонова бесабаб нест, зеро ки модаркалону модараш омӯзгор буда, дар таълиму тарбияи садҳо нафар дар ноҳияи Темурмалик саҳми арзанда гузоштаанд ва шогирдони онҳо барои пешбурди ҷомеа хизмати шоиста мекунанд. Насиба ҳам дар пайравӣ ба онҳо, пешаи заҳматписанди омӯзгориро интихоб кард ва солиёни зиёдест, ки ба тарбияи насли наврас машғул аст. ОҒОЗИ РОҲ Насиба Раҳмонова зодаи ноҳияи дурдасти Темурмалик мебошад. Ӯ ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба касби омӯзгорӣ алалхусус, фанни забони англисӣ шавқу рағбати беандоза дошт. Соли 2006 баъди хатми МТМУ-и №1 и ноҳияи Темурмалик ҳуҷҷатҳои худро ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, ба факултаи забонҳои хориҷӣ супорид. Баъди бомуваффақият супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ сазовори номи ...
Мулоқот бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
АСОСӢ, Хабарҳо

Мулоқот бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ирфон Аҳмад сурат гирифт. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода аз ҳамкориҳои мутақобилан судманду фарҳангии ду кишвари дӯст -Тоҷикистону Покистон ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки ин ҳамкориҳо дар оянда беш аз пеш тавсеа меёбанд. Инчунин, вобаста ба баргузории Рӯзҳои фарҳанги Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор сурат гирифт. Қайд кардан ба маврид аст, ки охири соли 2025 дар доираи ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Исломии Покистон бори нахуст рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон дар сатҳи баланд баргузор гардида буд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон...