Хабарҳо

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

29 апрел таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори маҷлис нахуст натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2026 ва вазифаҳо барои то охири соли 2026 баррасӣ шуд. Зимни суханронӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро дар семоҳаи якуми соли 2026 таҳлил намуда, дар назди масъулини сохторҳои давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вобаста ба вазъи сиёсии ҷаҳони муосир, маҳдудиятҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ба кишварҳои ҷаҳон ва оқибатҳои тағйирёбии иқлим, таъмин намудани суботи иқтисодӣ, ҳифзи бозори дохилӣ ва коҳиш додани таъсири оми...
Зебоии Тоҷикистон-мерос барои оянда
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Хабарҳо

Зебоии Тоҷикистон-мерос барои оянда

27 апрел дар Китобхонаи миллии Беларус намоишгоҳи рассомони тоҷик таҳти унвони «Зебоии Тоҷикистон: мерос барои оянда» дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус бо иштироки вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода ва вазири фарҳанги Ҷумҳурии Беларус Марат Марков ифтитоҳ гардид. Ба намоишгоҳ 38 асар (расм) шомил гардидааст. Самти мавзӯии онҳо абстраксия, нақшу нигори миллӣ ва рангорангӣ, инчунин осори санъати муосири Тоҷикистонро дар бар мегирад. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон...
Дастовардҳои назарраси ҳайати Тоҷикистон дар даври дуюми Бозиҳои Делфӣ
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Хабарҳо

Дастовардҳои назарраси ҳайати Тоҷикистон дар даври дуюми Бозиҳои Делфӣ

Имрӯз дар доираи Бозиҳои Делфӣ аз рӯи ҳамаи номинатсияҳо даври дуюми озмун бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид. Ҳайати мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин марҳилаи муҳими озмун ҳунару маҳорати баланди худро нишон дода, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Аз рӯи натиҷаҳои даври дуюм, намояндагони кишвар сазовори 1 медали тилло, 1 медали нуқра, 4 медали биринҷӣ ва 4 дипломи махсус шуданд. Ин муваффақиятҳо натиҷаи заҳмати пайваста, омодагии ҷиддӣ ва истеъдоди баланди иштирокчиёни тоҷик буда, обрӯ ва нуфузи фарҳангии Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ боз ҳам боло мебардоранд. Қобили зикр аст, ки Бозиҳои Делфӣ ҳамчун яке аз муҳимтарин чорабиниҳои фарҳангии байналмилалӣ барои дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон, инчунин таҳкими робитаҳои фарҳангӣ миёни кишварҳо нақши муассир д...
ФАРМОНИ  ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АСОСӢ, Фармонҳо, Хабарҳо

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи сарфарозгардонии Субҳонова Г.С бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Барои саҳми арзанда дар рушди муносибатҳои фарҳанги байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон Субҳонова Гуландом Субҳоновна — роҳбари Маркази миллию фарҳангии тоҷикон дар Ҷумҳурии Узбекистон бо ордени Дӯстӣ сарфароз гардонида шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон ш. Душанбе, 24 марти соли 2026, N1156
ДАР УЗБЕКИСТОН «РӮЗҲОИ КИНОИ ТОҶИКИСТОН» ИФТИТОҲ ГАРДИД
АСОСӢ, Хабарҳо

ДАР УЗБЕКИСТОН «РӮЗҲОИ КИНОИ ТОҶИКИСТОН» ИФТИТОҲ ГАРДИД

Аз 23 то 25 март дар Қасри миллии санъати кинои Узбекистон чорабинии фарҳангии «Рӯзҳои кинои Тоҷикистон» баргузор мегардад. Ин барнома бо ҳадафи муаррифии синамои тоҷик ва таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни ду кишвар доир мешавад. Дар доираи ин рӯзҳо чанд филми тоҷик, ки ҳаёти воқеӣ, сарнавиштҳои инсонӣ ва мавзӯъҳои иҷтимоиро инъикос мекунанд, ба намоиш гузошта шуданд. 24 март маросими ифтитоҳи тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони соҳаи кинои ду кишвар, аз ҷумла директори Агентии кинематографияи назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Узбекистон Шуҳрат Ризоев ва директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён иштирок карданд. Шӯҳрат Ризоев, директори генералии Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Узбекистон зимни суханронии худ гуфт, синамои узбеку тоҷикро дугоник номи...
Нишасти се насл таҳти унвони «Дӯстии адабӣ — дӯстии абадӣ»
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Хабарҳо

Нишасти се насл таҳти унвони «Дӯстии адабӣ — дӯстии абадӣ»

Нишасти се насл таҳти унвони «Дӯстии адабӣ — дӯстии абадӣ» бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки шоирону нависандагон ва аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Ӯзбекистон дар фазои идона ва дӯстона баргузор гардид. Дар ҷараёни ҳамоиш намояндагони наслҳои гуногун доир ба нақши адабиёт дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамкориҳои фарҳангии миёни ду кишвар андешаҳои худро баён намуданд. Қироати шеър, муаррифии осори адабӣ ва табодули афкор ба нишаст шукуҳи хос бахшид. Иштирокдорон Наврӯзро ҳамчун рамзи ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстии пойдор миёни халқҳо васф намуда, бар густариши робитаҳои адабӣ ва фарҳангӣ таъкид карданд. Лозим ба ёдоварист, ки ин чорабинии адабӣ дар толори Иттифоқи нависандагони Ӯзбакистон доир гардид. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон...
Мулоқот бо ҳайати мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар нахустин Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай
АСОСӢ, Хабарҳо

Мулоқот бо ҳайати мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар нахустин Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай

Имрӯз,18-уми марти соли 2026 дар маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазир- Бобозода Фаридун Толибҷон бо ҳайати мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар нахустин Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд. Тавре иттилоъ дода шуд, аз 23 то 28 марти соли 2026 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон нахустин Бозиҳои Делфийи ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад. Вазорати фарҳанг бо таваҷҷуҳ ҷиҳати иштирок дар чунин чорабинии фарҳангии байналмилалӣ ҳайати мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳисоби мутахассисони варзида ва хонандагону донишҷуёни муассисаҳои таълимии соҳа таъсис дод. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ин ҳамоиши сатҳи баланд аз Тоҷикистон 38 нафар ҳунарнамоӣ мекунанд. Инчунин аз ин ш...
СИПОСНОМА БА «ФИРӮЗА» 
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, Дастовардҳои соҳа, Хабарҳо

СИПОСНОМА БА «ФИРӮЗА» 

Имрӯз дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи матбуот маҷаллаи "Фирӯза" бо "Сипоснома"- Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид. Сипосномаро муовини вазири фарҳанги кишвар Давлат Сафар ба сармуҳаррири маҷалла Саидзода Мавҷуда супорид. Ёдовар мешавем, ки тибқи назарсанҷие, ки Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гузаронид соли 2025 маҷаллаи "Фирӯза" беҳтарин маҷаллаи соли 2025 эътироф гардида буд.
СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, ЖУРНАЛ, Хабарҳо

СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА

Рӯзи матбуоти тоҷик барои ҳар як рӯзноманигор, аҳли қалам ва корманди соҳаи ит- тилоот на танҳо ҷашн, балки фурсати андеша, бознигарӣ ва худшиносӣ мебошад. Имсол Рӯзи матбуоти тоҷик дар фазои хоса ва марҳалаи муҳимми таърихӣ, - дар арафаи таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» ҷашн гирифта мешавад. Сию панҷ сол қабл халқи тоҷик бо эъломи Истиқ- лол ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона башорат дод. Дар ин раванд, матбуот ва умуман, воситаҳои ахбори омма нақши калидӣ бозида, ҳамчун омили муҳимми ташаккули афкори ҷомеа ва таҳкими арзишҳои миллӣ хизмат карданд. Дар ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд ма...