Хабарҳо

НИШОН МУБОРАК!
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Хабарҳо

НИШОН МУБОРАК!

Имрӯз дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи матбуот ҳамкори мо, ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи "Фирӯза" Муҳиддин Олимов бо Нишони сарисинагии "Аълочии матбуоти Тоҷикистон" қадрдонӣ шуд. Ин нишонро Муҳиддин аз дасти Вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён гирифт. Аҳли эҷоди маҷаллаи "Фирӯза" Муҳиддин Олимовро бо ин дастовард муборакбод мегӯянд.
ЭҲЁГАРИ МАҶАЛЛАИ ЗАНОН
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Хабарҳо

ЭҲЁГАРИ МАҶАЛЛАИ ЗАНОН

Хонандагони азизи маҷаллаи “Фирӯза”! Имрӯзҳо шумо дар замони соҳибистиқлолии кишварамон, дар даврони рушди технологияи навини чопӣ, шумораҳои мусаввар ва муҷаллали маҷалларо ба даст гирифта, шояд фикр намекунед, ки он 94 сол қабл чӣ гуна ва дар чӣ шароите чоп мешуд? Ва чӣ роҳҳои пурпечутобро ин маҷалла пушти сар кард? Оё медонед, ки маҷалла 10 сол аз нашр бозмонда буд ва бо шарофати як бонуи дилсӯз чопи он дубора ба роҳ монда шуд...Шумораи нахустини маҷаллаи “Фирӯза” таҳти унвони “Бо роҳи ленинӣ” соли 1932 нашр шудааст. Муҳаррири нахустини маҷалла Ортиқбоева мебошад, ки мутаассифона ҳанӯз дар бораи ӯ маълумоти кофӣ дар даст нест. Маҷалла бо ҳамин унвон то соли 1941, яъне то оғоз шудани Ҷанги Бузурги Ватанӣ нашр ме- шуд, вале бо оғози ҷанг, ба далели ҳазф шудани буҷети соҳаи табъу нашр чопи...
Изҳори тасаллият
АСОСӢ, Хабарҳо

Изҳори тасаллият

Аҳли фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз реҳлати ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, Тоҷинисо Саидова сахт андуҳгин буда, ба пайвандон ва ҳаводорони ин ситораи фазои санъат, ҳамдардии амиқ баён менамояд.  Саидова на танҳо ҳунарпешаи барҷастае буд, балки намоде аз вафодорӣ ба пешаи интихобкардааш, улгӯе аз тахассуси воло ва инсоният низ ба шумор мерафт. Даргузашти ин ҳунарпешаи асил, зоеъае ҷуброннопазир барои ҷомеъаи санъату ҳунар ва ҳаводорону шефтагони истеъдод ва ҷазаботи ӯ маҳсуб мешаванд. Тоҷинисо Саидова ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1996), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2006), 11-уми октябри соли 1953 дар ноҳияи Муъминобод ба дунё омадааст. Соли 1975 Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи шаҳри Маскавро хатм карда, дар Теат...
РӮЗИ МОДАР МУБОРАК!
АСОСӢ, Хабарҳо

РӮЗИ МОДАР МУБОРАК!

Тамоми дору дарахтони рӯйи Замин, Агар ба дасти нависандагон қалам гардад, Шавад сиёҳӣ агар оби чашмаву дарё Ва барги дору дарахтон агар шавад дафтар В-агар навишта шавад дар ситоиши МОДАР, Шавад тамому сухан нотамом монад боз. Дуруст фармуда шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир. Воқеан, барои баёни бузургии Модар вожагон оҷиз мемонанд. Зеро Модар бузургтарин офаридаи Худованд аст, ки биҳиштро зери қадамҳои ӯ гузошта... Модарони азиз, маҷаллаи “Фирӯза” 94-сол аст, ки аз бузургии Шумо менависад ва васфи дастовардҳои Шуморо мекунад. Дар остонаи фасли баҳору Ҷашни Наврӯз Рӯзи фархундаи Модарро ба якояки Шумо шодбош мегӯем! Дуо мекунем, ки табассум аз лабонатон, осоиш аз хонадонатон, баракат аз дастархонатон кам мабод! Бо эҳтиром аҳли қалами маҷаллаи "Фирӯза"...
Аёдат ба муносибати ҷашни «Рӯзи Модар»
АСОСӢ, Хабарҳо

Аёдат ба муносибати ҷашни «Рӯзи Модар»

Роҳбарияти Вазорати фарҳанг ба муносибати ҷашни Рӯзи Модар ба хонаи Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабгул Қосимова ташриф оварда, ин бонуи ҳунарро бо иди фархунда табрик намуданд. Дар рафти суҳбат саҳми арзандаи Раҷабгул Қосимова дар рушду пешрафти санъати театрии тоҷик ва тарбияи насли ҷавони ҳунармандон таъкид гардид. Ба ҳунарманди гиромӣ саломатии бардавом, рӯзгори пурсаодат ва комёбиҳои нав дар ҷодаи ҳунар орзу карда шуд. Раҷабгул Қосимова низ барои чунин таваҷҷуҳ ва эҳтиром аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, ба ҳамаи модарони кишвар сулҳу осоиш ва хушбахтӣ таманно намуданд....
«Рӯзи модар»
АСОСӢ, Хабарҳо

«Рӯзи модар»

Имрӯз бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов ҷиҳати истиқбол аз "Рӯзи модар" чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода ва занону бонувон аз муассисаҳои зертобеи вазорат ва дигар идораҳои давлатӣ иштирок намуданд. Қабл аз оғоз аз ҷониби устодон ва омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи давалатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши рассомӣ, ки таҷҷасумгари симои олиҳаи ҳаёт зан-модарро инъикос менамуд, маърази тамошобинон қарор гирифт. Дар чорабинии мазкур вазири фарҳанг суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати "Рӯзи модар" табрику таҳният гуфтанд. Сипас аз ҷониби донишҷӯёни Консерваторияи милии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов ва Донишкадаи дава...
Боздид аз сохтмони бинои нави Вазорати фарҳанг
АСОСӢ, Хабарҳо

Боздид аз сохтмони бинои нави Вазорати фарҳанг

2-юми марти соли 2026 роҳбарияти Вазорати фарҳанг ва шахсони масъул аз сохтмони бинои нави Вазорати фарҳанг дидан намуданд ва бо сохтмончиён оид ба иҷрои босифати корҳо сӯҳбат анҷом доданд. Сохтмон дар бинои мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми марти соли 2024 оғоз ёфта, бо маром идома дорад. Бинои маъмурии Вазорати фарҳанг аз 18 ошёна, 80 ҳуҷраи корӣ ва таҳхона иборат аст. Он бо тарҳи муосир ва санъати хоси меъмории миллӣ бунёд мешавад. Маркази матбуот Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон...
Боздид аз «Театри миллӣ»
АСОСӢ, Хабарҳо

Боздид аз «Театри миллӣ»

2-юми марти соли 2026 гурӯҳи корӣ аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Вазири фарҳанг-Сатториён Матлубахон Амонзода, муовинони вазир ва роҳбарони раёсату шӯъбаҳо инчунин дигар сардорони зерсохторҳои Вазорати фарҳанг доир ба иҷрои супоришҳои роҳбарияти давлат дар “Театри миллӣ” ҷиҳати бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаи мазкур, ҷаласаи корӣ доир намуда, инчунин аз рафти корҳои сохтмонӣ шинос гардиданд. Маркази матбуот Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон...
ЗОДРӮЗ МУБОРАК САРВАР УРОЗОВА
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, Хабарҳо

ЗОДРӮЗ МУБОРАК САРВАР УРОЗОВА

Имрӯз ҳамкори азизи мо Сарвар Урозова зодрӯз дорад. Номбурда аз зумраи рӯзноманигорони содиқ ба касби худ аст, ки беш аз 20 сол аст, дар маҷаллаи "Фирӯза" кору фаъолият мекунад ва аз рӯзгори бонувони фаъоли кишвар ва дастовардҳои зани замони Истиқлол менависад. Ӯ ҳамчунин, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол буда, дар инъикоси чорабиниҳои давлатӣ, тарғиби сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таҳкими худшиносии миллӣ, тарғиби либос ва таомҳои миллӣ пешсаф мебошад. Хизматҳои Сарвар Урозова аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сипосномаву ифтихорномаҳо қадршиносӣ шудааст. Сарвар Урозова миёни ҳамкорон низ маҳбубияти хоса дорад, ӯро ҳамаи ҳайати эҷодӣ ...
Муовини нави Вазири фарҳанг муаррифӣ гардид
АСОСӢ, Хабарҳо

Муовини нави Вазири фарҳанг муаррифӣ гардид

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Анвар Сафарзода муовини нави Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Фаридун Толибро, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин вазифа таъин гардид, муаррифӣ намуд. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, муовини навтаъин Бобозода Фаридун Толибро ҷиҳати таъин гардидан ба вазифаи муовини Вазири фарҳанг таҳният намуда, ба фаъолияти манбаъдаашон барору муваффақият таманно намуданд. Масъулияти навбатӣ муборак, Бобозода Фаридун Толиб!...