Мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Вазорати фарҳанг
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ
озмун эълон менамояд:
Дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон:
1. Сардори шуъбаи аудити дохилӣ - 1ҷой
- таҳсилоти олии касбии олии иқтисодӣ;
6 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои ўҳдадориҳои мансабии сардори раёсатро ба танзим медароранд;
- донишҳои касбӣ, қобилият ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, банақшагири раванди кор ва кор бо тобеон;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
...










