Хабарҳо

Боздид аз замини наздиҳавлигии сокини деҳаи Рӯшон Додихудо Додихудоев
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Боздид аз замини наздиҳавлигии сокини деҳаи Рӯшон Додихудо Додихудоев

26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯшон бо рафти парвариши маҳсулоти кишоварзӣ дар қитъаи замини наздиҳавлигии сокини деҳаи Рӯшон Додихудо Додихудоев шинос шуданд. Тавре аён гардид, оилаи Додихудоевҳо 4 садяк замини наздиҳавлигӣ дар ихтиёр дошта, онро самаранок истифода мебаранд. Хусусан пас аз дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ аъзои ин оила чун дигар мардуми кишвар корро дар самти парвариши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ дар замини наздиҳавлигӣ ҷоннок карда, аз он ҳосили хуб ба даст меоранд. Ҳоло дар замини наздиҳавлигии оилаи Додихудо картошка, қаламфури булғориву помидор, бодиринг, карам ва дигар намуди зироат нашъунамои хуб дошта, ...
Истиқболи Пешвои миллат дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Истиқболи Пешвои миллат дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ

26 июн дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди мавриди баҳрабардордорӣ қарор додани як зумра иншооти таъиноти гуногун дар ноҳияҳои Ванҷу Даврвоз ва Рӯшону Роштқалъа ба маркази вилоят - шаҳри Хоруғ ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилоят, фаъолони ҷомеа, намояндагони касбу кори гуногун ва ҳазорон сокини ватанпарвар бо рӯҳу илҳоми баланди сиёсиву ватандорӣ ва муҳаббати беандоза нисбат ба Роҳбари давлат истиқбол гирифтанд. Ин дидор ба сокинони шаҳри Хоруғ, рӯҳу илҳоми тоза бахшида, нишонаи равшани пайванди устувори мардум бо Пешвои миллат гардид. Аҳли санъату ҳунари вилоят бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангӣ, ки тар...
Ифтитоҳи Пайкараи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва майдони муқаддасоти миллии ноҳияи Рӯшон
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Пайкараи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва майдони муқаддасоти миллии ноҳияи Рӯшон

26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Рӯшон аз руйи пайкараи асосгузори аввалин давлати тоҷикон – Шоҳ Исмоили Сомонӣ пардабардорӣ намуданд. Иншооти мазкур бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Рӯшон дар масоҳати умумии 1000 метри мураббаъ бунёд шудааст. Тадбири мазкур дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовор аз ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид. Баландии пайкараи Шоҳ Исмоили Сомонӣ 7 метр ва зерпояи он 5 метр буда, дар майдон 4 тандиси китобҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, асарҳои безаволи Шоҳнома, Тоҷикон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аксҳои Қаҳрамонҳои Тоҷикистон гузошта шудаас...
Ифтитоҳи боғи фарҳангу фароғатӣ дар ноҳияи Роштқалъа
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи боғи фарҳангу фароғатӣ дар ноҳияи Роштқалъа

26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Анҷини ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боғи фарҳангию фароғатии Шоҳдараро, ки бо тарҳи муосир сохта шудааст, мавриди истифода қарор доданд. Боғи фарҳангию фароғатӣ аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати умумии 1 гектар дар асоси ташаббусҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи корҳои ободонию бунёдкорӣ ва омодагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст. Иншооти фарҳангӣ бо тарҳи муосир ва унсурҳои шаҳрсозии миллӣ бо назардошти талаботи замон ва санъати баланди меъморӣ сохта шудааст. Дохил ва роҳравҳои боғи навбунёд пурра бо гулу буттаҳои мавсим...
Боздид аз деҳаи этнографии комплекси сайёҳии “ЗЕВ.С” дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз
АСОСӢ, Дохилӣ, Президент, Хабарҳо, Ҳунарҳои мардумӣ, ҶОЗИБАҲОИ ТОҶИКИСТОН

Боздид аз деҳаи этнографии комплекси сайёҳии “ЗЕВ.С” дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз ҳамчунин аз деҳаи этнографии комплекси сайёҳии “ЗЕВ.С” дидан намуданд. Иншооти нави сайёҳӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ сохта шуда, дар он зиёда аз 20 сокини маҳаллӣ ба кор таъмин шудааст. Дар ин мавзеъи сайёҳӣ барои муаррифии таъриху фарҳанги қадимаи миллати тоҷик намунаи 8 хонаи истиқоматӣ, осиёби обӣ, бодӣ, ҷувоз ва дигар намуди суннату анъанаҳои мардумӣ, ки давраҳои гуногуни зиндагӣ ва кору фаъолияти сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоятро дар бар мегирад, бунёд шудааст. Дар деҳаи этнографӣ хонаҳои хурди бо лой ва чуб сохташуда минбаъд, ки асрҳо тоҷикони кӯҳистон барои худ месохтанд, ба сайёҳон муар...
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ванҷ мулоқот намуданд
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ванҷ мулоқот намуданд

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ ба ноҳияи Ванҷро натиҷагирӣ намуда, барои вусъати корҳои ободонӣ ва бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар назди фаъолон вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинону соҳибкорони ҳимматбаланди ноҳияи Ванҷ барои саҳми арзанда дар раванди ободиву пешрафти диёри худ изҳори сипос намуданд. Таъкид гардид, ки дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ то имрӯз дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ 84 иншооту биноҳои таъиноти иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёду навсозӣ шуда, то таҷл...
Иштирок дар муаррифии оркестри кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Иштирок дар муаррифии оркестри кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

13 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар маросими муаррифии оркестри кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар барномаи консертӣ бахшида ба муаррифии оркестри кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ” асарҳои композиторони тоҷик ва ҷаҳон бо иштироки хонандагони коллеҷу мактабҳои махсуси мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов, Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ, Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев иҷро гардид. Дар нахустин консерти ҳунарман...
Ганҷи маънӣ
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Хабарҳо

Ганҷи маънӣ

Як бахши муҳимми фарҳанги халқи тоҷикро санъати сарояндагӣ ва навозандагӣ ташкил медиҳад. Беш аз ҳазор сол аст, ки суруду мусиқиҳои классикии тоҷикӣ равшангари ақлу дил ва шавқафзои маҳфилу базмҳоянд. Дӣ чангии ман ки базм равшан мекард, Дар замзама ӯ кори дили ман мекард. Дилҳо, ки зи чанги ӯ ба танг омада буд, Дар чанг фитода буду тан тан мекард. Амир Хусрави Деҳлавӣ Сарчашмаи навоҳои классикии мо сурудҳои «Хус­ра­вонӣ»-и асосгузори мусиқии классикии то­ҷикӣ Борбади Марвазӣ аст. Сесаду шаст оҳанги вобаста ба фаслҳои сол, ҳодисаҳои таърихӣ ва ҷашнҳои миллии мардуми ориёӣ эҷодкардаи ӯ олитарин осори санъати сарояндагӣ ва навозандагӣ буданд. Навоҳои «Мушкдона», «Сарв андар сарв», «Моҳ дар кӯҳон», «Сарви саҳӣ», «Ганҷи гов», «Ганҷи сӯхта», «Ганҷи бодовард», «Шодирвони марворид»...
Гавҳораи муҳаббат
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, ЖУРНАЛ, Хабарҳо

Гавҳораи муҳаббат

«Дар олам нафаре нест, ки падару модарашро дӯст надорад, вале зиёданд онҳое, ки имкон надоранд бигӯянд: «Модарҷон ё падарҷон, дӯстатон медорам!» Банда дар ҳамин андеша будам, азм доштам, дар бораи волидайнам роман нависам, вале рӯзе дар боғи марказии Бишкек қадам мезадаму ба худ андешидам, ки чаро ба дигарон имкон надиҳем, ки дар бораи падару модарашон нависанд. Ҳамин тавр, маҷмуаи «Гаҳвораи муҳаббат» пайдо шуд...» Ин суханонро нависандани тоҷики муқими Қирғизистон Шоистаи Равшан рӯзи 12 май дар толори «Русское прос­транство»-и Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия зимни рӯнамоии китоби «Гаҳвораи муҳаббат» – «Колыбель любви» ироа кард. «Гаҳвораи муҳаббат» маҷмуаи мақолаву ёддошт дар бораи волидайн аст. «Ин маҷмӯа, маҷмуаи муҳаббат аст. Муҳаббат ба волидайн. Мо дар зиндагӣ на ҳамеша б...
Оилаи солим –ҷомеаи солим
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, Дастовардҳои соҳа, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, Хабарҳо

Оилаи солим –ҷомеаи солим

Дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик оила ҳамчун арзиши муқаддас шинохта мешавад. Осоиши инсон ва муваффақияти фарзандонро гузаштагони мо аз баракати хонаводаи солим медонанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки «Оила ниҳоди асосии ҷомеа, манбаи парваришу тарбияи неруи солими зеҳниву ҷисмонӣ ва идомадиҳандаи наслҳо маҳсуб мешавад. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз руҳияи поку созанда, сатҳи маърифат ва саломатии Зан-Модар вобаста аст». Воқеан, оила арзиши муқаддасу қадимиест, ки ба эҳёи тамаддунҳо замина гузошта, дар зиндагии инсоният ва пешрафти мадании ҷомеа нақши муҳимро мебозад. Оила биноест, ки барои тамоми умр бунёд в...