Гум бод номи ҷанг
Вақте ба аёдати иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Бозор Нағзибекови 100-сола рафтем, эшонро дар иҳотаи зану фарзандон дарёфтем. Ӯ бо завҷааш 70 сол аст, ки зиндагии якҷоя доранд ва шебу фарози зиндагиро ҳамроҳ тай карданд. Шӯхиомез пурсидем, ки чӣ тавр 70 сол ҳамдигарро “тоқат” карданд? “70 сол мисли як лаҳза гузашт”, -баробар посух доданд онҳо.
...Айёми кӯдакиву наврасии Бозор Нағзибеков душвор сипарӣ шудааст. Ӯ дар интернат ба воя расид ва баъди хатми курси омӯзишӣ фаъолияти кориашро ҳамчун корманди ҳизбӣ дар ноҳияи Тавилдара оғоз кард.
Моҳи октябри соли 1943. Дар кӯҳистон ҳаво торафт сард мешуд. Дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳия аз сабаби норасоии қувваи корӣ 50 гектар ғалла нодарав монда буд. Роҳбарияти вилоят ва ноҳия дар андеша монданд. Бозор Нағзибеков аз ҳисоби ҷавонон як бри...










