ШАҲЗОДА ХАТУН – БОНУ БУХОРХУДОТ
Дар сафҳаҳои таърихи давлатдориву низомӣ, забону адаб ва фарҳанги таърихи миллати мо – тоҷикон дар баробари мардони номовари тоҷик, аз қабили Абумуслими Хуросонӣ, Рустами Дастон, Тоҳири Пӯшангӣ, Шоҳ Исмоили Сомонӣ, Куруши Кабир, Дориюши Бузург, Фаридун, Шоҳ Ҷамшед, Ораши Камонвар, Зардушт – паёмбари порсӣ, ҳамчунин, бонувони қаҳрамон кам нестанд.
Дар саҳифаҳои таърихамон занони шуҷоъ ва қаҳрамону маърифатпарвари тоҷик дар қатори Робиаи Балхӣ – модари адабиёти тоҷикӣ-порсӣ, Султон Разияи Ғурӣ – шоҳи Ҳинд, ки тахминан 25 сол дар шабакаҳои Қораи Ҳинд ҳукумат дошт, Фараҳнози Балхӣ, ки ба ҷавонии хеш нигоҳ накарда, 6 моҳ бар ҳифзи мардумаш ҷонфидоӣ кардаву зидди чингизиён ҷангида, қурбон шудааст, Зебуннисо – духтари шоҳ Аврангзеб, ки дар Ҳинд дар ҳавзаи тамаддунии мо бо дурри лафзи дарӣ ғаз...










