Президент

Паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Сада
АСОСӢ, Мақолаҳо, Президент, Хабарҳо

Паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Сада

Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми ориёитабор – Сада самимона табрик мегӯям. Ҷашни Сада дар радифи дигар ҷашнҳои миллии мо мероси маънавии пурбаҳое аз аҷдоди некномамон мебошад, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ аз нав эҳё гардид. Бояд гуфт, ки бо вуҷуди монеаҳои сунъии дар тӯли асрҳои зиёд барои баргузории ҷашни Сада эҷодшуда миллати тоҷик онро ҳамчун арзиши зиндагисоз дар хотираи худ ҳифз намудааст. Зеро дар меҳвари Сада ғояҳои инсондӯстӣ қарор дошта, ин ойини бостонӣ мисли дигар ҷашнҳои миллии мо ифодагари пайванди азалии инсон бо табиат ва коинот, рамзи шодиву хурсандӣ, ободиву хуррамӣ, покиву озодагӣ, сулҳу осоиш ва пояндагии гармиву рӯшноӣ мебошад. Дар замони бостон ва махсусан, дар даврони Сомониён, ки ҷашни Сада бо шукӯ...
ПАЙКИ СУЛҲ
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Президент

ПАЙКИ СУЛҲ

Муқаддас доштани истиқлоли давлатӣ, ба ҷо овардани шукронаи давлати соҳибистиқлол ва Ватани озоду соҳибихтиёр вазифа ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад. Эмомалӣ Раҳмон Раҳи фархундагиву сарбаландӣ аст роҳи мо, Раҳи уммеди мушкилнописандӣ аст роҳи мо, Мақому манзалат андар баландӣ аст роҳи мо, Заволу сарнагуни мустамандӣ аст роҳи мо. Ватан бо мову мо ҳам бо Ватан пайванд, Ватан бо мову мо ҳам бо Ватан дилбанд. Зиҳӣ, эй Сарвари воло, Ки ин миллат туӣ, Меҳан туӣ, эй қалъаи номуси побарҷо, Адолатпешаиву дар миёни дидаву дил ҷо! Давлат Сафар...
ХУШХАБАР
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, Дастовардҳои соҳа, Президент, Хабарҳо

ХУШХАБАР

Сармуҳаррири маҷаллаи “Фирӯза” Мавҷуда Саидзода, дар арафаи Ҷашни Истиқлол бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти давлатӣ – медали “Хизмати шоиста" қадрдонӣ гардид. Аҳли қалами маҷаллаи “Фирӯза” муаллимаро бо ин дастовард табрик мекунанд.
Иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ 
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ 

30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф оварданд. Нахуст, дар Донишгоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва хобгоҳу ошхонаи донишҷӯёни донишгоҳро мавриди истифода қарор доданд. Бинои 8-ошёнаи таълимии маркази рушди малакаҳо дорои 92 синфхона ва 24 ҳуҷраи корӣ мебошад, ки метавонад дар як вақт то 3200 донишҷӯро ба таълиму тарбия фаро бигирад. Таъсиси маркази таълимӣ барои таъмини идоракунии самтҳои мухталифи донишгоҳ, ҳамгироии самтҳои гуногуни фаъолият в...
АМРИ  ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Озмунҳо, Озмунҳои ҷумҳуриявӣ, Президент

АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Дар соли 2026 Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор карда шавад. 2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3). 3. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио, кор бо занон ва оила, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд доир гардидани Озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд. 4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, ғолибони Озмун ва омӯзгоронеро, к...
Ифтитоҳи Маҷмааи фарҳангию фароғатии Боғистон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Дохилӣ, Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Маҷмааи фарҳангию фароғатии Боғистон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ

11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ба фаъолияти Маҷмааи фарҳангию фароғатии Боғистон оғоз бахшиданд. Иншооти фарҳангӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шуда, баъд аз ба фаъолият пардохтани он, дар маҷмуъ 32 сокини бешуғл бо кор таъмин хоҳанд шуд. Масоҳати умумии маҷмаа 8 ҳазор метри мураббаъ мебошад. Маҷмааи фарҳангию фароғатии Боғистон аз як ошёна ва таҳхона иборат аст. Дар он китобхонаи замонавӣ бо 5 ҳазор адабиёти ҷаҳонии муосир, классик ва бачагона, коргоҳи пойафзолбарорӣ бо иқтидори истеҳсолии 20 ҳазор ҷуфт пойафзол дар як сол, кошонаи ҳусн, толори варзишӣ, ҳуҷраҳои кории мактаби варзишии ноҳия, хонаи бахт, тарабхона бо 150 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон сохта шу...
Ифтитоҳи Гулгашт ва муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ дар ноҳияи Айнӣ
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Дохилӣ, Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Гулгашт ва муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ дар ноҳияи Айнӣ

11 июл сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ бо ифтитоҳи гулгашт ва муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ оғоз ёфт. Бунёди иншоот барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эҳтиром нисбат ба шахсиятҳои барҷастаи миллат сохта шудааст. Гулгашти Гулназар Келдӣ дар хиёбони Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар маркази ноҳияи Айнӣ доман густурда, масоҳати умумии он бо назардошти иншооти ёрирасон 900 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Иншооти фарҳангию фароғатӣ бо назардошти талаботи меъморию шаҳрсозии муосир бунёд шуда, барои фароғати сокинону меҳмонон омода гаштааст. Саҳн ва атрофи он бо гулу буттаҳои ҳамешасабзу ороишӣ зебо ва чароғон а...
Иштироки Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар консерти арбобони санъат бо номи “Дӯстии абадӣ”
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо, Ҳунарҳои мардумӣ

Иштироки Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар консерти арбобони санъат бо номи “Дӯстии абадӣ”

8 июл дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бошукуҳи Кохи Борбад барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистону Қирғизистон бо номи “Дӯстии абадӣ” баргузор гардид. Дар чорабинии фарҳангӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров иштирок намуданд. Баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамҷаворӣ ва омили муҳими рушду густариши робитаҳои гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар мебошад. Консерти ҷаззоби “Дӯстии абадӣ” бо барномаи рангину пурмуҳтавои аҳли фарҳангу санъати ду кишвар, ки тараннумгари дӯстии мардумони Тоҷикистону Қирғизистон мебошад, хушу хотирмон ҷараён гирифт. ...
Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон

8 июл Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми баланд меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаровро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Саҳни фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба хотири пазироии арзандаи меҳмони олиқадр бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва шиорҳои тараннумгари дӯстии мардумони ду давлат идона оро ёфта буд. Барои истиқбол роҳрави сурх густурда шуда, афсарони горди фахрӣ аз ду тарафи роҳрав саф оростанд. Ҳамчунин, баҳри пазироии сатҳи баланди меҳмони олиқадр аз ҷониби ҷавонон ва аҳли ҳунар як барномаи рангину пурмуҳтавои консертӣ таҳи...
Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
АСОСӢ, Дохилӣ, Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

28 июн дар шаҳри Хоруғ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳо ва натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоятро дар панҷ моҳи соли равон таҳлил намуда, барои иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди масъулини вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вазифаҳои нав гузоштанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба муносибати истиқболи арзандаи 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар вилоят бунёду азнавсозии 1362 иншоот пешбинӣ гардида, то имрӯз корҳои сохтмон дар 1059 иншоот ба маблағи 3,8 миллиард сомо...