Истиқболи Пешвои миллат дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ
26 июн дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди мавриди баҳрабардордорӣ қарор додани як зумра иншооти таъиноти гуногун дар ноҳияҳои Ванҷу Даврвоз ва Рӯшону Роштқалъа ба маркази вилоят - шаҳри Хоруғ ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилоят, фаъолони ҷомеа, намояндагони касбу кори гуногун ва ҳазорон сокини ватанпарвар бо рӯҳу илҳоми баланди сиёсиву ватандорӣ ва муҳаббати беандоза нисбат ба Роҳбари давлат истиқбол гирифтанд.
Ин дидор ба сокинони шаҳри Хоруғ, рӯҳу илҳоми тоза бахшида, нишонаи равшани пайванди устувори мардум бо Пешвои миллат гардид.
Аҳли санъату ҳунари вилоят бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангӣ, ки тар...










