Президент

АРЗИ СИПОС
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Президент

АРЗИ СИПОС

(Эҳдо ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон) Эй саодатбахши мулки Ориё, Қалби ту ганҷинаи меҳру сафо. Номи ту чун шаҳчанори зиндагӣ Реша дорад дар дили дардошно.   Эй шифобахшои дилҳои ҳазин! Эй рухат чун шамси ховар озарин! Дар миёни ин ҳама насли башар Беҳтаринӣ, беҳтаринӣ, беҳтарин!   Ҷанг буду халқи мо афсурда буд, Ҷони мо заҳри ҳалоҳил хӯрда буд, Ҳар куҷо номардумӣ буду фиреб, Миллат аз озорҳо озурда буд.   Ҷисми беҷон он қадар бисёр шуд, Мурдашӯй аз мурдагон безор шуд. Гашт ноором руҳи рафтагон, Рӯз пеши чашм шоми тор шуд.   Ях зад аз сардии дил ҷӯйи умед, Бӯйи хун меомад аз кӯйи умед, Мори кина кард афсун халқро, Нури шафқат рафт аз рӯйи умед.   ...
Пешвои миллат бо рафти корҳои сохтмон дар иншооти муҳими фарҳангӣ – Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Президент, Хабарҳо

Пешвои миллат бо рафти корҳои сохтмон дар иншооти муҳими фарҳангӣ – Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд

15 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмон дар иншооти муҳими фарҳангӣ – Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд. Ёдовар мешавем, ки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳануз 17 марти соли 2015 ба корҳои сохтмон дар Театри миллии Тоҷикистон оғоз бахшида буданд. Бинои театри миллӣ дар як маҳалли зебои шаҳри Душанбе – паҳлуи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва боғи Парчами миллии Тоҷикистон қомат афрохтааст. Зимни боздид аз иншоот ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки то имрӯз корҳои оҳану бетонӣ дар арафаи анҷомёбист ва сохтмончиён корро ба хотири дар муҳлати як моҳ ва босифат анҷом додани он мете...
НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТ
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Матбуот, Президент, Хабарҳо

НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТ

Сояи Пешво нагардад дур аз болои сар,Аз азал тоҷик мекард ахтарашро тоҷи сар.Президенти як мамлакат будан кори саҳлу сода нест. Танҳо шахси дорои истеъдодифавқулода метавонад масъулияти бузурги давлатдориро бар дӯш бигирад ва тавассутиба роҳ мондани сиёсати оқилонаю дурандешона ва гиромидошти арзишҳои волоимиллӣ мардумро дар атрофи ғояҳои пешбаранда муттаҳид созад, таҳкимбахши неруизеҳнии мардум, раҳнамою раҳкушо ва машъали тобони миллат бошад.Хушбахтона, дар ин сангари вазнину нангин, дар масири ватансозӣ моро хирадиазалӣ ҳидоятгар аст ва абармарде, ки дар синаи ӯ меҳри ватан метападу дили дунёҷойгир аст, таҷрибаи мардумсолорӣ ва давлатдориаш дар олами сиёсат мактабиомӯзиш ва таҷрибаи нодири таърихист, сарварии миллати соҳибфарҳангутамаддунофарро бар дӯш дорад, Пешвои миллати тоҷикон...
Ташрифи президенти ҶИЭ Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Ташрифи президенти ҶИЭ Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон

15 январ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтироми баланд меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиёнро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.Саҳни фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба хотири пазироии арзандаи меҳмони олиқадр бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои Сарони давлатҳои Тоҷикистону Эрон ва шиорҳои тараннумгари дӯстии мардумони ду давлат идона оро ёфта буд.Барои истиқбол роҳрави сурх густурда шуда, афсарони горди фахрӣ аз ду тарафи роҳрав саф оростанд.Зимни суҳбати кӯтоҳ, ки дар толори фурудгоҳ баргузор гардид, сарони ду давлат доир ба барномаи нахустин боздид ва сафари давлатии Масъуд П...
ДУРНАМОИ РУШДИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ
АСОСӢ, Мақолаҳо, Паём, Хабарҳо

ДУРНАМОИ РУШДИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки фарогири тамоми самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат мебошад, барои оғози як марҳалаи муҳими ҳаёти мардум ва дурнамои рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар замина ва пояҳои маҳкам гузошт. Дар навбати аввал, эълон гардидани солҳои 2025-2030 ҳамчун Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия гувоҳ бар он аст, ки Тоҷикистон дар марҳалаи нави тараққиёт ва пешрафти худ қарор дошта, заминаҳоро баҳри тақвияти низоми ҳукумати электронӣ мустаҳкам менамояд.Пешвои миллат бори дигар таъкид доштанд: “Фарҳанг ҳастии миллат аст”. Аз ҷумла, қайд гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон, дар навбати аввал, бо мақсади ҳарчи бештар рушд бахшидан ба фарҳанги миллӣ, ҳифзи меросу анъана ва суннату арзишҳои миллӣ аз тамоми и...
Шарҳи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2025
АСОСӢ, Озмунҳо, Озмунҳои ҷумҳуриявӣ, Президент, Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст

Шарҳи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2025

Яке аз иқдомҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» имкон дод, ки ҳазорон нафар наврасону ҷавонон ва кормандони касбу кори гуногун ашъор ва эҷодиёту таълифоти шоирону нависандагони ватанию хориҷиро мутолиа карда, ҷаҳони маънавии худро боз ҳам ғанӣ гардонанд. Соли 2025 низ бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавӣ, бо ташаббуси бевосита, ҳамчунин таҳти таваҷҷуҳ ва cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - ...
Шарҳи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2025
АСОСӢ, Илм-фурӯғи маърифат, Озмунҳо, Озмунҳои ҷумҳуриявӣ, Президент

Шарҳи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2025

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти назорат ва cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, он бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технологияҳо, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайванди илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо гузаронида мешавад. Баргузории озмуни мазкур тайи солҳои 2021-2024 нишон дод, ки миёни ҷавонону наврасони кишвар таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бамаротиб зиёд гардида, замина барои дарёфт ва тарбия намудани мутахассисони баландихтисоси муҳандисию те...
Шарҳи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2025
АСОСӢ, Озмунҳои ҷумҳуриявӣ, Президент

Шарҳи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2025

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» соли ҳафтум аст, ки зери таваҷҷуҳ ва сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳёи санъати миллӣ ва тарғиби он, арҷгузорӣ ба санъату ҳунари аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии санъати мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд ва асарҳои рассомӣ баргузор мешавад.Бо дастури бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷми маблағи мукофот барои ғолибони озмун ду баробар зиёд гардида, барои озмун аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 680 000 (ҳафт миллиону ша...
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”
АСОСӢ, Мақолаҳо, Паём, Президент, Хабарҳо

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори калони бинои наву пуршукӯҳи Парлумони кишвар зимни ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 10:00 оғоз ёфт. Дар толор раёсати ҳарду маҷлиси Парламент, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати кишвар, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, роҳбарони марказҳои т...
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

26 декабр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори маҷлис нахуст Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2025 ва нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2025 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Сипас лоиҳаҳои Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 ва созишномаи иловагӣ ба созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷиксемент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, масолеҳи сохтмонию бетонӣ ва халта аз 10 июни соли 2019 баррасӣ ва қабул гардид. Дар идомаи маҷлис масоили вобаста ба муҳоҷирати дохил...