Оилаи солим –ҷомеаи солим

Дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик оила ҳамчун арзиши муқаддас шинохта мешавад. Осоиши инсон ва муваффақияти фарзандонро гузаштагони мо аз баракати хонаводаи солим медонанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки «Оила ниҳоди асосии ҷомеа, манбаи парваришу тарбияи неруи солими зеҳниву ҷисмонӣ ва идомадиҳандаи наслҳо маҳсуб мешавад. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз руҳияи поку созанда, сатҳи маърифат ва саломатии Зан-Модар вобаста аст».

Воқеан, оила арзиши муқаддасу қадимиест, ки ба эҳёи тамаддунҳо замина гузошта, дар зиндагии инсоният ва пешрафти мадании ҷомеа нақши муҳимро мебозад. Оила биноест, ки барои тамоми умр бунёд ва ороста мешавад. Зербинои таълиму тарбия дар оила устувор гашта, рушду такомули зеҳнии инсон аз муҳити хонавода ибтидо мегирад ва амсоли ҷамъият ҳамқадами замон рушду ташаккул ёфта, вобаста ба муҳити маънавии ҷомеа шаклу мазмуни нав пайдо мекунад. Дар ҳар давру замон оила барои ояндаи насли наврас хишти аввали бунёди қасри маънавиёт ба ҳисоб меравад.

Ҳаминро ба назар гирифта, таҳким бахшидани фарҳанги оиладорӣ дар асоси суннатҳои ҳазорсолаи аҷдодӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бавижа, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Сарвари кишвари мо соли 2015-ро “Соли оила” эълон намуда буданд, ки он барои таҳкими фарҳанги оиладорӣ, масъалаҳои оила, дастгирии оила ва таҳкими муносибатҳои оилавӣ такони бузурге бахшид. Ҳамчунин, таҳким ва пойдории оила дар меҳвари ду қонуни миллӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор дорад.

Вазифаи асосии оила – бахшидани ҳаёт ба кӯдакон, таъмини кӯдакии пурнишот, таълимоти шоиста ва бун­ёди таҳкурсии мустаҳкам барои ҳаёти мус­тақилонаи минбаъда ва бад-ин тариқ, расонидани кумак ва мусоидат ба пойдор будан дар олами мураккаби муносибатҳои инсонист. Бинобар ҳамин, хеле муҳим аст, ки муҳити оила, яъне муносибати зану мард мустаҳкам бошад, то фарзандон дар муҳити солим ба воя расанд. Зеро оила – сарчашмаи муҳаббат, эҳтиром, якдилӣ ва дилбастагист. Маҳз, бар ин мафҳумҳо ҷомеаи мутараққӣ бино ёфта, бе онҳо мавҷудияти инсон номумкин аст.

Дар тарбияи кӯдакону наврасон нақши падару модар ва оила бағоят муҳим мебошад. Ба дунё овардани насл вазифаи табиӣ ва иҷтимоии инсон мебошад ва насли инсонӣ на фақат ба падару модар ё оилаи ӯ марбут аст, балки он ҷузъи ҷомеаи устувор, идомадиҳандаи анъанаҳо, расму ойинҳост. Пас, одами солим – оилаи солим, оилаи солим – ҷомеаи солим, ҷомеаи солим давлати солимро пойдевор аст. Оиладорӣ фарҳанги бузургу ҳисси ватандорӣ аст. Агар оила солим бошад, назару андешаҳо, иқдому амалҳо дар зиндагӣ солим ва дар маҷмуъ, ҷомеа солим мегардад.

Масъалаи оилаву оиладорӣ дар замони муосир на фақат масъалаи хонаводагӣ ва давлатӣ аст, балки он дар меҳвари масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ қарор дорад. Ҳамин аст, ки ҳамасола 15 май дар тамоми олам ҳамчун Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда мешавад. Дар моддаи 16-и Эъломияи ҳуқуқи башар оварда шудааст: «Оила рукни тарбия ва асосии ҷамъият аст, ҳақ дорад аз пуштибонии ҷомеаву давлат бархурдор бошад». Ин нуқта дар моддаи 33-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ инъикос ёфтааст ва боз илова мешавад, ки давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад.

Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонро мушкили фурӯпошии оила­ҳо нигарон кардааст. Дар бархе кишварҳои ҷаҳон оила ҳамчун ниҳоди муҳимму муқаддас мавқеи хешро аз даст медиҳад, ки ин ба ҷомеаи ҷаҳон хатари бузург аст ва боиси нигаронӣ гардидааст.

Вале, хушбахтона, ҷомеаи Тоҷикистон дар такя ба фарҳанги ҳазорсолаи хеш, фарҳанги оиладориро пос медорад ва барои таҳким бахшидани он талош менамоянд. Фарҳанги хонадории тоҷикон имрӯз метавонад ҳамчун намуна ва тимсоли мусбати оиладорӣ барои ҷаҳониён муаррифӣ гардад.

Садбарг Саидзода

мудири Бахши САҲШ-и ноҳияи Қубодиён

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *