Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд.
Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ дар фазои тантанавӣ баргузор гардида, мукофотҳоро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Асадулло Раҳмон ба кормандони Вазорати фарҳанг тақдим намуд.
Кормандони вазорат барои саҳми арзанда дар рушди фарҳанги миллӣ, фаъолияти пурсамар ва хизматҳои шоиста дар пешрафти соҳаи фарҳанги мамлакат бо Медали «Хизмати шоиста» ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Зимни маросим таъкид гардид, ки чунин қадршиносӣ нишонаи таваҷҷуҳ ва ғамхории пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи фарҳанг ва аҳли эҷоду кормандони он буда, барои боз ҳам баланд бардоштани масъулият ва идомаи фаъолияти самаранок дар роҳи рушди фарҳанги миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Кормандони Вазорати фарҳанг изҳор доштанд, ки ин қадршиносии давлатро бо эҳсоси баланди масъулият қабул намуда, минбаъд низ барои рушди фарҳанги миллӣ, ҳифзу тарғиби арзишҳои маънавӣ ва муаррифии шоистаи фарҳанги тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар фаъолияти худро боз ҳам густариш хоҳанд дод.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
