Истиқлол неъмати бебаҳо аст ва на ҳар халқи сайёраи Замин онро соҳиб мебошад. Ин падидаи муҳим ормони аҷдодии миллати мо буда, барои расидан ба давлатдории навин, соҳибихтиёрии комил ва ваҳдати миллӣ дар тули ҳазорсолаҳо иродаи матин, ҷасорату далерӣ, талошҳои бемисл ва худфидоии фарзонафарзандони миллат зарур омад.
Имрӯз Тоҷикистони азизи моро ҷомеаи ҷаҳон бо иқдому ташаббусҳои пайгиронаи оламшумулаш мешиносад ва аҳаммияти онҳоро возеҳ дарк намуда, мепазирад. Ҳамаи ин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ аз заҳматҳои шабонарӯзӣ ва хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифта, самараи пурбор дода истодаанд.
Дар баробари ташаббусҳои ҷаҳоншумули Роҳбари давлат дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, 25 июни соли равон Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Пешвои миллат Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»-ро қабул намуд. Тибқи ин санад, солҳои 2027–2036 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда эълон гардиданд. Ҳадафи он таҳкими сулҳ, ташвиқи муколама ва мусолиҳа, дастгирии ҳамбастагии байни наслҳо ва ба назар гирифтани ниёзҳои наслҳои оянда дар равандҳои қабули қарорҳо мебошад.
Сулҳоварӣ фарҳанги бунёдии миллати тоҷик буда, маҳз, дар заминаи татбиқи он ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад ояндаи неки наслҳои худро таъмин намуда, инсониятро аз ҷангу мухолифат, хавфу хатар ва буҳронҳои шадиди байналмилалӣ эмин нигоҳ дорад. Эъломияе, ки Созмони Милали Муттаҳид соли 1998 дар 53-юмин Ассамблеяи худ бахшида ба эълон намудани соли 2000 ҳамчун соли «Фарҳанги сулҳ» қабул карда буд, низ сулҳро эҳтиром ба ҳаёт ва ҳуқуқҳои инсон арзёбӣ намуда буд.
Инак, баъди чандин сол ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба талаботи рӯз ва давр ҷавобгӯ мебошад, аз ҷониби давлатҳои ҷаҳон пазируфта шуд. Албатта, худи фарҳанг пойдевори миллату давлат аст ва агар аҳаммияти калидии он дар саросари ҷаҳон дарк гардад, ба манфиати тамоми башарият хоҳад буд.
Давоми 35 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар ҷодаи фарҳангу маънавиёт низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем. Мақоми байналмилалӣ гирифтани Ҷашни Наврӯз, ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардидани Ҷашни Сада ва муаррифии «Рубоб», «Фалак», «Шашмақом», либоси «Чакан», «Оши палов» ва дигар намунаҳои фарҳанги миллӣ аз ҷумлаи чунин дастовардҳоянд.
Самараи солҳои соҳибистиқлолӣ аст, ки арзишҳои дорои аҳаммияти таърихию фарҳангӣ ба Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, қалъаҳо, шаҳрҳои бостонӣ, петроглифҳо, корезҳо, дайру маъбадҳо ва дигар ёдгориҳо мавриди ҳифзу муаррифӣ қарор гирифтаанд. Қалъаи Ямчун, Дижи Қаққаҳа, ёдгориҳои водии Вахон, петроглифҳои Лангаркишти ноҳияи Ишкошим, гузаргоҳи «Вахон» ва дигар ёдгориҳои ВМКБ аз ҷумлаи ин мероси таърихию фарҳангӣ мебошанд.
Бунёду азнавсозии қасру хонаҳои фарҳангӣ, Боғи миллии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Мурғоб, Шуғнон, Рӯшон, Ванҷ ва даҳҳо иншооти дигар далели таваҷҷуҳи пайваста ба соҳа мебошанд.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Театри вилоятии мусиқию мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаров дар маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ бо иқдоми бевоситаи Роҳбари давлат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Имрӯз ин боргоҳи фарҳангу маънавиёт дар камолоти маънавии сокинони вилоят нақши муҳим дошта, дар он пайваста чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ баргузор мешаванд.
Агар ҳамаи дастгириҳои соҳаи фарҳангро дар як вилоят номбар кунем, таълифи чандин китоб камӣ хоҳад кард. Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 1020 нафар корманди соҳаи фарҳанг фаъолияти пурсамар дошта, шарафи ҷумҳурию вилоятро дар дохил ва хориҷи кишвар ҳимоя мекунанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 120 муассисаи фарҳангӣ бунёд, таъмир ва навсозӣ шуда, танҳо давоми соли равон ифтитоҳи боз 10 муассисаи соҳа дар ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа ва Ишкошим дар назар аст.
Барои ҷалби ҳарчи бештари сокинон ба озмунҳои фарҳангию маърифатии ҷумҳуриявӣ низ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Чанде пеш аз рӯйи натиҷаи даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии
«Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 85 нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Масъалаи дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон дар сиёсати иҷтимоии давлат мақоми махсус дорад. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ барои баланд бардоштани мақоми занону духтарон ва иштироки онҳо дар идоракунии давлатӣ тадбирҳои назаррас амалӣ гардидаанд. Қабул ва татбиқи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023–2030» аз қадамҳои ҷиддӣ дар ин самт мебошад.
Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997 инҷониб ҷавондухтарони ҷамоатҳои деҳоти дурдаст бо квотаҳои Президентӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар таҳсил мекунанд. Дар соли таҳсили 2025–2026 тибқи нақшаи қабули квотаи президентӣ 134 нафар аз ВМКБ, аз ҷумла, 66 нафар ҷавондухтар, ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил шудаанд. Аз соли 2019 то соли 2025 зиёда аз 400 ҷавондухтари деҳаҳои дурдасти вилоят тибқи квотаи президентӣ муассисаҳои олиро хатм намудаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ҷиҳати амалисозии «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030» тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ намуда, ба баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, касбомӯзӣ ва шуғли занону духтарон таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Теъдоди корхонаҳои дӯзандагӣ дар вилоят ба 9 адад расида, занону духтарони ҳунарманд ба дӯзандагӣ, бофандагӣ, пухтупаз ва дигар ҳунарҳои мардумӣ ҷалб шудаанд.
Саҳми занон дар соҳаи фарҳангу маънавиёт низ назаррас аст. Дар ин самт 693 нафар зан фаъолият намуда, 158 нафарашон дар мансабҳои роҳбарикунанда кор мекунанд. Дар маҷмуъ, аз 320 вакили мардумӣ 104 нафар зан буда, дар Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ аз 66 вакил 22 нафарро бонувон ташкил медиҳанд. Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ 23 нафар зан номзади илм ва 14 нафар дотсент мебошанд. Шумораи умумии соҳибкорзанон бошад, ба 3263 нафар расидааст.
Бо дарназардошти муваффақиятҳо ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ҳар яки моро зарур аст, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва давлату Ҳукумати мамлакатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар татбиқи ҳадафҳои созандаи кишвар, иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, инчунин, тарбияи фарзандони худогоҳу худшинос, ватандӯст ва дорои ҳувияти баланди миллӣ саҳми боз ҳам назаррас гузорем.
Муслима Авзалшо муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
