СИПОСНОМА БА «ФИРӮЗА»
Имрӯз дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи матбуот маҷаллаи "Фирӯза" бо "Сипоснома"- Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид. Сипосномаро муовини вазири фарҳанги кишвар Давлат Сафар ба сармуҳаррири маҷалла Саидзода Мавҷуда супорид. Ёдовар мешавем, ки тибқи назарсанҷие, ки Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гузаронид соли 2025 маҷаллаи "Фирӯза" беҳтарин маҷаллаи соли 2025 эътироф гардида буд.










