АСОСӢ

Бонуе бо либоси низомӣ
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо

Бонуе бо либоси низомӣ

“Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи ойиномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад” Эмомалӣ Раҳмон  Муаррифӣ Полковник Раҳимбекзода Зебо Раҳимбек, сардори Шуъбаи тарҷумонии Дастгоҳи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1-уми январи соли 1977 дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Хатмкунандаи омӯзишгоҳи тиббӣ ва факултети таърих ва ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳи славянии Россия–Тоҷи­кис­тон мебошад. Аз соли 2001 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда, дар вазифаҳои гуногун фаъ...
Сарчашмаи ҳаёт
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, Матбуот

Сарчашмаи ҳаёт

Модар тасалло дар маъсумӣ, имдодгар дар бадбахтӣ, қувва дар заифӣ, маслиҳатгару роҳнамо дар шебу фарози зиндагист.  Баракати хонадон аз обилаи дастон, меҳру эҳсон, лутфу самимият ва хайру саховати модар аст. Модар аз оғози пайдоиши ҷаҳон бори масъулияти сангинро бар дӯш дорад. Ба дунё овардани фарзанд ва соҳибкамолу бомаърифат тарбия намудани ӯ қисми вазнинтарини масъулият аст, ки сохтори иҷтимоӣ, таърихӣ ва фарҳангиро ташкил медиҳад. Модар бо панду андарз, ашӯлаву афсона ва суруди аллаи хеш хазинадори забону тамаддун буда, кохи дурахшони ҳунар бунёд мекунад ва фарзандонро вазифадор месозад, ки ин ганҷинаи маънавии миллатро гиромӣ доранд. Мегӯянд, ки агар бихоҳед бо тамаддуни миллат ошноӣ пайдо кунед, ба занони он миллат бингаред. Мо ифтихор мекунем, ки модари тоҷик тули та...
Намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр бахшида ба «Рӯзи модар»
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Матбуот, Хабарҳо

Намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр бахшида ба «Рӯзи модар»

Бахшида ба истиқболи "Рӯзи модар" Намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр дар назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Намоиш-фурӯши китоб аз соати 10:00 то 16:00 баргузор шуда, дар он ноширони ватанӣ китобҳои бадеӣ, илмӣ, адабиёти бачагона ва тарҷумаи бадеиро бо сифати баланд пешниҳоди дӯстдорони китоб менамоянд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Озмуни ҷумҳуриявии драмнависон
АСОСӢ, Озмунҳо, Хабарҳо

Озмуни ҷумҳуриявии драмнависон

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми феврали соли 2025 Озмуни ҷумҳуриявии драмнависонро эълон мекунад. Қабули асарҳо то 1 сентябри соли 2025 сурат мегирад. Мақсад ва вазифаҳои озмун 1. Озмун бахшида ба таҷлили 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон эълон мегардад. 2. Озмун бо мақсади рушди драматургияи миллӣ , тарғиби дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ , ваҳдату ягонагӣ , сулҳу субот, ватандӯстӣ , созандагиву ободонӣ , анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ , муқовимат бо коррупсия, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ ва пурра гардидани репертуари театрҳои касбии мамлакат гузаронида мешавад. 3. Озмун ба тарғиби драматургия ва санъати театрӣ , бою...
Ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Русия
АСОСӢ, Хабарҳо

Ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Русия

Ҳамраиси Бунёди Байналмилалии Ҳамкориҳои Гуманитарӣ- Швидкой Михаил Ефимович ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда бо роҳбарияти вазорат мулоқоти судманд анҷом доданд. Ҷонибҳо аз ҳамкориҳои мутақобилан судманду фарҳангии ду кишвари дӯст -Тоҷикистону Русия ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки ин ҳамкориҳо дар оянда низ тавсеа меёбанд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг
Маросими ҷоизасупорӣ дар театри Лоҳутӣ
АСОСӢ, Хабарҳо

Маросими ҷоизасупорӣ дар театри Лоҳутӣ

Имрӯз, 19-уми феврал бо ташаббуси Вазорати фарҳанг дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ, Маросими ҷоизасупорӣ доир гардид. Дар ин маросим ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Муаллими сол”, ҳавасмандсозии иштирокчиёни озмуну фестивалҳои байналмилалӣ, ҳунарпешагон, гуруҳҳои ҳунарӣ ва муасисаҳое, ки дар давоми соли 2024 фаъолияти пурсамар доштанд, қадрдонӣ гардиданд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг
«Агар аз ту ёд ояд»
АСОСӢ, Хабарҳо

«Агар аз ту ёд ояд»

16-уми феврали соли 2025 дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев ба хотири гиромидошти санъати сарояндагии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон - Муқаддас Набиева барномаи фарҳангӣ баргузор гардид. Дар барномаи мазкур ҳунармандон: Баҳодур Неъматов, Нигина Амонқулова, Луҳира Муъминова, Раҳима Шаллоэр, Дилором Қурбонова, Ансамбли давлатии рақсии "Зебо" ва дигарон ҳунарнамоӣ намуданд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ...
Рамзу рози “Актриса”
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, Матбуот

Рамзу рози “Актриса”

14-уми феврал дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов моноспектакли “Актриса” пешкаши тамошобин гардид. Ин намоишро коргардон Қамариддин Мирзоев таҳия карда, нақши ягона ва асосиро ҳунарпешаи шинохта Зарина Бадалова иҷро мекунад. Дар бораи намоиш Моноспектакли “Актриса”-ро коргардон Қамарид­дин Мирзоев чанд сол қабл аз рӯйи асари нависандаи қазоқ Карина Шадимова таҳия карда буд. Ин моноспектал аз рӯзҳои аввал диққати ҳам мутахассисон, ҳам тамошобинон ва ҳам аҳли ҳунарро ҷалб намуд. Дар бораи он назарҳои мухталифро шунидаву хондаем, ки муваффақияти ин намоиш аст. Намоиши мазкур соли 2018 дар 9-умин Ҷашнвораи байналмилалии «Пространство юных» ки дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия баргузор шуд, ширкат карда, соҳиби 5 мукофот шудааст: 3 ҷоиза – “Беҳтарин кори ...
Намоиш ва фурӯши китоб
АСОСӢ, Хабарҳо

Намоиш ва фурӯши китоб

ИМРӮЗ БО ТАШАББУСИ ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ ДАР БИНОИ ТЕАТРИ ДАВЛАТИИ АКАДЕМИИ ОПЕРА ВА БАЛЕТИ БА НОМИ С. АЙНИ НАМОИШ ВА ФУРӮШИ КИТОБҲОИ МУАССИСАҲОИ НАШРИЯВӢ МАНЗУРИ ХОНАНДАГОН ГАРДОНИДА ШУД.
Оинаи рӯзгори  занони зиндагисоз
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, Матбуот

Оинаи рӯзгори занони зиндагисоз

Эй тозаву маҳкам аз ту бунёди сухан, Ҳаргиз накунад чун ту касе ёди сухан. Фирдавс мақом бодат, эй Фирдавсӣ, Инсоф, ки нек додаӣ доди сухан.                                               Заҳири Форёбӣ Ҳақ ба ҷониби шоири тавоно, қасидасарои камназир Зоҳири Форёбӣ аст. Устод Абулқосим Фирдавсӣ, дар ҳақиқат, тозагари таърихи ориёинажодон ва мубаллиғи ганҷинаи сухани тоҷикӣ- форсӣ буд. Дар «Шоҳнома» дар баробари мардони диловар занони покизагавҳару садоқатпеша ва зиндагисоз ҳам тавсиф шудаанд. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки образи он занони хуҷистахисол намунаи ибрат барои модарону хоҳарони мо ҳастанд. Далели ин ихлосу эътиқод то имрӯз зинда будани номҳои неки қаҳрамонони «Шоҳнома» Таҳмина, Фарангис, Гурдофарид, Манижа, Нӯшофарин, Эрондухт, Рӯдоба ва дигарон аст. Яке аз он модар...