АСОСӢ

Озмуни ҷумҳуриявии драмнависон
АСОСӢ, Озмунҳо, Хабарҳо

Озмуни ҷумҳуриявии драмнависон

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми феврали соли 2025 Озмуни ҷумҳуриявии драмнависонро эълон мекунад. Қабули асарҳо то 1 сентябри соли 2025 сурат мегирад. Мақсад ва вазифаҳои озмун 1. Озмун бахшида ба таҷлили 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон эълон мегардад. 2. Озмун бо мақсади рушди драматургияи миллӣ , тарғиби дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ , ваҳдату ягонагӣ , сулҳу субот, ватандӯстӣ , созандагиву ободонӣ , анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ , муқовимат бо коррупсия, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ ва пурра гардидани репертуари театрҳои касбии мамлакат гузаронида мешавад. 3. Озмун ба тарғиби драматургия ва санъати театрӣ , бою...
Ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Русия
АСОСӢ, Хабарҳо

Ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Русия

Ҳамраиси Бунёди Байналмилалии Ҳамкориҳои Гуманитарӣ- Швидкой Михаил Ефимович ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда бо роҳбарияти вазорат мулоқоти судманд анҷом доданд. Ҷонибҳо аз ҳамкориҳои мутақобилан судманду фарҳангии ду кишвари дӯст -Тоҷикистону Русия ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки ин ҳамкориҳо дар оянда низ тавсеа меёбанд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг
Маросими ҷоизасупорӣ дар театри Лоҳутӣ
АСОСӢ, Хабарҳо

Маросими ҷоизасупорӣ дар театри Лоҳутӣ

Имрӯз, 19-уми феврал бо ташаббуси Вазорати фарҳанг дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ, Маросими ҷоизасупорӣ доир гардид. Дар ин маросим ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Муаллими сол”, ҳавасмандсозии иштирокчиёни озмуну фестивалҳои байналмилалӣ, ҳунарпешагон, гуруҳҳои ҳунарӣ ва муасисаҳое, ки дар давоми соли 2024 фаъолияти пурсамар доштанд, қадрдонӣ гардиданд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг
«Агар аз ту ёд ояд»
АСОСӢ, Хабарҳо

«Агар аз ту ёд ояд»

16-уми феврали соли 2025 дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев ба хотири гиромидошти санъати сарояндагии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон - Муқаддас Набиева барномаи фарҳангӣ баргузор гардид. Дар барномаи мазкур ҳунармандон: Баҳодур Неъматов, Нигина Амонқулова, Луҳира Муъминова, Раҳима Шаллоэр, Дилором Қурбонова, Ансамбли давлатии рақсии "Зебо" ва дигарон ҳунарнамоӣ намуданд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ...
Рамзу рози “Актриса”
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, Матбуот

Рамзу рози “Актриса”

14-уми феврал дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов моноспектакли “Актриса” пешкаши тамошобин гардид. Ин намоишро коргардон Қамариддин Мирзоев таҳия карда, нақши ягона ва асосиро ҳунарпешаи шинохта Зарина Бадалова иҷро мекунад. Дар бораи намоиш Моноспектакли “Актриса”-ро коргардон Қамарид­дин Мирзоев чанд сол қабл аз рӯйи асари нависандаи қазоқ Карина Шадимова таҳия карда буд. Ин моноспектал аз рӯзҳои аввал диққати ҳам мутахассисон, ҳам тамошобинон ва ҳам аҳли ҳунарро ҷалб намуд. Дар бораи он назарҳои мухталифро шунидаву хондаем, ки муваффақияти ин намоиш аст. Намоиши мазкур соли 2018 дар 9-умин Ҷашнвораи байналмилалии «Пространство юных» ки дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия баргузор шуд, ширкат карда, соҳиби 5 мукофот шудааст: 3 ҷоиза – “Беҳтарин кори ...
Намоиш ва фурӯши китоб
АСОСӢ, Хабарҳо

Намоиш ва фурӯши китоб

ИМРӮЗ БО ТАШАББУСИ ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ ДАР БИНОИ ТЕАТРИ ДАВЛАТИИ АКАДЕМИИ ОПЕРА ВА БАЛЕТИ БА НОМИ С. АЙНИ НАМОИШ ВА ФУРӮШИ КИТОБҲОИ МУАССИСАҲОИ НАШРИЯВӢ МАНЗУРИ ХОНАНДАГОН ГАРДОНИДА ШУД.
Оинаи рӯзгори  занони зиндагисоз
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, Матбуот

Оинаи рӯзгори занони зиндагисоз

Эй тозаву маҳкам аз ту бунёди сухан, Ҳаргиз накунад чун ту касе ёди сухан. Фирдавс мақом бодат, эй Фирдавсӣ, Инсоф, ки нек додаӣ доди сухан.                                               Заҳири Форёбӣ Ҳақ ба ҷониби шоири тавоно, қасидасарои камназир Зоҳири Форёбӣ аст. Устод Абулқосим Фирдавсӣ, дар ҳақиқат, тозагари таърихи ориёинажодон ва мубаллиғи ганҷинаи сухани тоҷикӣ- форсӣ буд. Дар «Шоҳнома» дар баробари мардони диловар занони покизагавҳару садоқатпеша ва зиндагисоз ҳам тавсиф шудаанд. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки образи он занони хуҷистахисол намунаи ибрат барои модарону хоҳарони мо ҳастанд. Далели ин ихлосу эътиқод то имрӯз зинда будани номҳои неки қаҳрамонони «Шоҳнома» Таҳмина, Фарангис, Гурдофарид, Манижа, Нӯшофарин, Эрондухт, Рӯдоба ва дигарон аст. Яке аз он модар...
ПЕШГИРИИ ФАРБЕҲӢ
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, Матбуот

ПЕШГИРИИ ФАРБЕҲӢ

Фарбеҳӣ солҳои охир ба яке аз бемориҳои хавфноки сайёра мубаддал гардида, он тамоми кишварҳои ҷаҳонро нигарон кардааст. Оид ба пешгирии ин беморӣ суҳбате анҷом додем бо Фирузамоҳ Назарова – духтури беморхонаи Марказии ноҳияи Восеъ. – Фарбеҳӣ чӣ гуна беморӣ аст ва сабаби пайдоиши он дар чист? – Фарбеҳӣ беморие мебошад, ки бо чарббандии ҷисм алоқаманд буда, зиёдшавии вазни инсон нисбат ба меъёрҳои қабулгардида арзёбӣ мешавад. Нафароне, ки ба ин беморӣ гирифторанд бештар ба фишорбаландӣ, диабети қанд, ва саратон дучор мешаванд. Аввалин сабаби дучор гардидан ба ин беморӣ пурхурӣ мебошад, яъне аз меъёр зиёд истеъмол намудани хурокҳои серғизо ва таомҳои дорои миқдори зиёди каллория, аз қабили маҳсулоти хамирӣ, гӯштӣ, серравған, шакар, маҳсулоти қаннодӣ ва ғайра. – Роҳҳои пешгирии бем...
ҲУҚУҚИ ИНСОН  ДАР ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД
АСОСӢ, Дохилӣ, ЖУРНАЛ, Матбуот

ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД

«Мо дар як замони на чандон тулонӣ тавонистем, ки аз тариқи Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузорӣ меъёрҳои бунёдии фаъолияти давлати демократӣ – асосҳои сохти давлатдории демократӣ, моҳияти дунявӣ ва иҷтимоии он, муқаддас будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии сиёсӣ, таъсиси парламенти касбӣ, кафолати адолати судӣ ва баробар будани ҳамаро дар назди қонун, инчунин, озодии виҷдонро эълон ва таъмин намоем». Эмомалӣ Раҳмон Пас аз ба даст овардани Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро, ки дар он ҳуқуқҳои инсон мавқеи муҳимро ишғол менамоянд, пеша намуд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд зинаи муайянкунандаи рушди давлат ва ҷомеаи мустақили Тоҷикистон ба шумор мераванд. Дар моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки...
Зани солим – ҷомеаи солим
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, Матбуот

Зани солим – ҷомеаи солим

Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд, Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд. Мирзо Турсунзода   Он чӣ, ки дастони пурэъҷози Зан – модар меофарад, олитарин намунаи ҳунар аст. Ба кадом соҳа ва навъҳои ҳунар, ки таваҷҷуҳ кунем, дар онҳо нақши осори ақли равшан, нигоҳи дақиқ ва таҷаллии шамъи истеъдоди занонро метавонем равшан бубинем. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ саъй кард, ки мавқеи занону бонувон баланд гардад ва шахсияту истеъдоди онҳо ба таври шоиста рушд кунад. Хушбахтона, имрӯз занону бонувони тоҷик дар ҳама соҳа садоқатмандона хизмат карда истодаанд. Боиси ифтихор аст, ки дар соҳаи тибби ҷумҳурӣ занони мо ҷойгоҳи хос доранд. Ва мо табибон доимӣ ...