ВАРАҚАИ ИТТИЛООТӢ ОИД БА НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2024
ДУШАНБЕ - 27 ЯНВАРИ СОЛИ 2025 ( соати 08:00)
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 баҳри амалисозии сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккули фазои ягонаи фарҳангӣ фаъолияти худро равона намуда, дар ин зимн, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
ЧОРАБИНИҲО. Соли 2024 дар маҷмуъ 191 чорабиниҳо доир гардида, дар ин зимн, таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз, барномаи фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж, таҷлили Истиқлоли давлатӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ ва ноҳияи Рашт, Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, таҷлили 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои муштараки “Шоми дӯстӣ” бо ҷумҳуриҳои Туркманистон ва Ӯзбекистон, Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ва...










