НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТ
Сояи Пешво нагардад дур аз болои сар,Аз азал тоҷик мекард ахтарашро тоҷи сар.Президенти як мамлакат будан кори саҳлу сода нест. Танҳо шахси дорои истеъдодифавқулода метавонад масъулияти бузурги давлатдориро бар дӯш бигирад ва тавассутиба роҳ мондани сиёсати оқилонаю дурандешона ва гиромидошти арзишҳои волоимиллӣ мардумро дар атрофи ғояҳои пешбаранда муттаҳид созад, таҳкимбахши неруизеҳнии мардум, раҳнамою раҳкушо ва машъали тобони миллат бошад.Хушбахтона, дар ин сангари вазнину нангин, дар масири ватансозӣ моро хирадиазалӣ ҳидоятгар аст ва абармарде, ки дар синаи ӯ меҳри ватан метападу дили дунёҷойгир аст, таҷрибаи мардумсолорӣ ва давлатдориаш дар олами сиёсат мактабиомӯзиш ва таҷрибаи нодири таърихист, сарварии миллати соҳибфарҳангутамаддунофарро бар дӯш дорад, Пешвои миллати тоҷикон...








