САДА-ПАДИДАИ ОЗОДАГӢ ВА СОЛИМӢ. Тоҷикон бо афрӯхтани оташ фасли баҳор ва гармию равшаниро даъват менамуданд
28 январ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Сада ва намоиш-фурӯши ниҳолу тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷашни Сада чунин иброз намудаанд: «Аз ин ҷашни бостонӣ то ба имрӯз як силсила расму анъана, намунаҳои фарҳангиву адабӣ ва малакаву таҷрибаҳои кишоварзӣ мерос мондаанд, ки ин арзишҳои маънавӣ наслҳои имрӯзаро бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқамон пайванд медиҳанд».Сада маросими анъанаи ниёгон дар радифи Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон ва яке аз ҷашнҳои мардуми тоҷик буда, аз омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз дарак медод. Муҳаққиқон пайдоиши ҷашни Садаро ба кашфи оташ, баробарии шабу рӯз, ихтирои оҳан, даст ёфтан ба...










