Донишҷӯи Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ сазовори ҷои ифтихорӣ шуд
Дар Ҷумҳурии Қазоқистон озмуни XXV байналмилалӣ таҳти унвони «Романсиадаи Қазоқистон» анҷом ёфт, ки дар он сарояндагони мамлакатҳои гуногун иштирок доштанд. Аз ҷумла, Тоҷикистонро дар ин озмун Шерзод Абдуллозода -донишҷӯи бахши чоруми шуъбаи сарояндагии академӣ, синфи профессор Миралӣ Достизода муаррифӣ намуда, сазовори ҷойи сеюм гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.Дар озмун 64 номзад аз Қазоқистон, Узбекистон ва Тоҷикистон иштирок доштанд ва дар намоишномаҳои довталабон, ки ба забонҳои қазоқӣ ва русӣ романсҳо намоиш доданд, ҳунармандони номдор, намояндагони театру академияҳои гуногун баромад намуданд.Бо қарори ҳакамон Гран-при насиби Отабек Назиров аз шаҳри Тошканд гардид. Байни иҷрокунандагони романси қазоқӣ ҷои аввалро Байҷ...


