Тарбияи ватандӯстӣ — асоси пойдории меҳан
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, ки бо ташаббуси Раиси муҳтарами Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ 24 декабри соли 2022 рӯйи кор омадааст, хеле мубрам ва саривақтӣ маҳсуб меёбад, хоса дар замоне, ки вазъи сиёсии ҷаҳон мураккаб ва ҳассосу манофеи абарқудратҳо жарфтар гаштааст ва раванди ҷаҳонишавӣ ва чолишҳои иттилоотӣ муқаддасоти миллатҳоро дар ҳоли мунтазам ба коми хеш кашидан дорад, маҳз, қабули ин қонуни миллӣ дорои аҳамияти бузурги сиёсӣ мебошад.
Сармоягузориҳои бамаврид дар роҳи пиёдасозии таъсиргузориҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ дар ҷаҳон аз тарафи абарқудратҳо имрӯз наметавонад кафолати мавҷудияти низому амният ва якпорчагии билкул давлат бошад, чун дар ин мисол таҳриб ёфтани баъзе давлатҳои ободу пешраф...










