Ифтитоҳи боғи фарҳангу фароғатӣ дар ноҳияи Роштқалъа
26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Анҷини ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боғи фарҳангию фароғатии Шоҳдараро, ки бо тарҳи муосир сохта шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
Боғи фарҳангию фароғатӣ аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати умумии 1 гектар дар асоси ташаббусҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи корҳои ободонию бунёдкорӣ ва омодагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.
Иншооти фарҳангӣ бо тарҳи муосир ва унсурҳои шаҳрсозии миллӣ бо назардошти талаботи замон ва санъати баланди меъморӣ сохта шудааст.
Дохил ва роҳравҳои боғи навбунёд пурра бо гулу буттаҳои мавсим...










