ЖУРНАЛ

АРЗИ СИПОС
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Президент

АРЗИ СИПОС

(Эҳдо ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон) Эй саодатбахши мулки Ориё, Қалби ту ганҷинаи меҳру сафо. Номи ту чун шаҳчанори зиндагӣ Реша дорад дар дили дардошно.   Эй шифобахшои дилҳои ҳазин! Эй рухат чун шамси ховар озарин! Дар миёни ин ҳама насли башар Беҳтаринӣ, беҳтаринӣ, беҳтарин!   Ҷанг буду халқи мо афсурда буд, Ҷони мо заҳри ҳалоҳил хӯрда буд, Ҳар куҷо номардумӣ буду фиреб, Миллат аз озорҳо озурда буд.   Ҷисми беҷон он қадар бисёр шуд, Мурдашӯй аз мурдагон безор шуд. Гашт ноором руҳи рафтагон, Рӯз пеши чашм шоми тор шуд.   Ях зад аз сардии дил ҷӯйи умед, Бӯйи хун меомад аз кӯйи умед, Мори кина кард афсун халқро, Нури шафқат рафт аз рӯйи умед.   ...
«Оилаи беҳтарин»
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Хабарҳо

«Оилаи беҳтарин»

Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи Нуфуси СММ дар Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» доир гардид. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дил­рабо Мансурӣ дар суханрониаш зикр намуд, ки баргузории озмун барои таҳкими пояҳои оиладорӣ, баланд бардоштани маърифати оила­дорӣ, тарбияи фарзандони солеҳ, худшиносу худогоҳ ва солиму пойдор нигоҳ доштани оилаҳо мусоидат намуда, давлату ҳукумат ҳифзкунандаи оила мебошанд. Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода зимни суханронӣ зикр намуд, ки пояи мустаҳкам...
Занони тоҷик дар ҶБВ
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ

Занони тоҷик дар ҶБВ

Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) яке аз саҳифаҳои хунини таърихи башарият мебошад. Мардуми тоҷик, гарчанде садҳо километр дур аз хатти ҷанг қарор доштанд, вале аз даҳшати он эмин намонданд. Наздик ба 300 ҳазор (аз 5 як ҳиссаи аҳолӣ) фарзандони далери тоҷик дар ин ҷанг ширкат варзиданд ва 92 ҳазор нафарашон дар майдони ҳарб ҷон бохтанд. Занону модарони диловари тоҷик ҳам дар он даврони душвор бетарафиро ихтиёр накарданд, балки ҳам дар майдони набард ва ҳам дар ақибгоҳ корномаҳои беназир нишон доданд. Дар бораи таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва саҳми Тоҷикистон дар он китобу рисола ва мақолаҳои зиёде таълиф гардидаанд. Асарҳои адабӣ эҷод шуда, филмҳову намоишҳо офарида шуданд. Вале мавзуи нақши занони Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ яке аз мавзуъҳое аст, ки то имрӯз ҳамаи паҳлуҳои он п...
Гум бод номи ҷанг
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, Хабарҳо

Гум бод номи ҷанг

Вақте ба аёдати иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Бозор Нағзибекови 100-сола рафтем, эшонро дар иҳотаи зану фарзандон дарёфтем. Ӯ бо завҷааш 70 сол аст, ки зиндагии якҷоя доранд ва шебу фарози зиндагиро ҳамроҳ тай карданд. Шӯхиомез пурсидем, ки чӣ тавр 70 сол ҳамдигарро “тоқат” карданд? “70 сол мисли як лаҳза гузашт”, -баробар посух доданд онҳо. ...Айёми кӯдакиву наврасии Бозор Нағзибеков душвор сипарӣ шудааст. Ӯ дар интернат ба воя расид ва баъди хатми курси омӯзишӣ фаъолияти кориашро ҳамчун корманди ҳизбӣ дар ноҳияи Тавилдара оғоз кард. Моҳи октябри соли 1943. Дар кӯҳистон ҳаво торафт сард мешуд. Дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳия аз сабаби норасоии қувваи корӣ 50 гектар ғалла нодарав монда буд. Роҳбарияти вилоят ва ноҳия дар андеша монданд. Бозор Нағзибеков аз ҳисоби ҷавонон як бри...
Роғун – кохи нур
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Хабарҳо, ҶОЗИБАҲОИ ТОҶИКИСТОН

Роғун – кохи нур

16-апрел дар Осорхонаи миллӣ дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи рассомони Тоҷикистон намоиши асарҳои мусаввирони тоҷик таҳти унвони «Роғун – Кохи нур» ифтитоҳ гардид. Намоиш бо мақсади тарғибу ташвиқи дастовардҳои замони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ҳадафҳои стратегии мамлакат, бунёди яке аз иншооти муҳимму стратегии мамлакат – Неругоҳи барқи обии «Роғун» ташкил карда шуд. Дар намоиши мазкур беш аз 100 асари санъати тасвирӣ ва ороишӣ-амалӣ, ки маҳсули эҷоди рассомон-мусаввирон, катибанигорон (графикон), муҷассамасозон, наққошон ва кандакорони кишвар мебошанд ба намоиш гузошта шудааст, ки маҳсули эҷоди 41 рассоми муосири тоҷик мебошад. Ҳамчунин, аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ асарҳои 10 рассоми шуравии тоҷик, ки солҳои 70-уми асри гузашта, дар мавзуи Роғун офарида шудаанд, ба маърази тамошо г...
Суманакпазӣ –  тараннумгари ваҳдат ва хайрхоҳӣ
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо

Суманакпазӣ – тараннумгари ваҳдат ва хайрхоҳӣ

Яке аз анъанаҳои Ҷашни Наврӯз ин омода намудани таомҳои наврӯзӣ мебошад. Одатан ин таомҳо пурра аз маҳсулоти гандумӣ, ки дастранҷи кишоварзон аст, омода карда мешуданд ва то имрӯз ин анъана идома дорад. Таомҳои маъмултарини ҷашни Наврӯз суманак, гандумкӯча ва оши бурида мебошанд. Суманак - таоми махсуси баҳорӣ буда, ба гу­рӯҳи таомҳои бо ҳарфи «син» оғоз шавандаи хони наврӯзии «7-син» дохил мешавад. Суманак асосан аз шираи сабзаи гандум омода мешавад. Ин таомро дар хона бо як нозукӣ омода менамоянд. Суманакпазӣ дастури хосе дорад ва нафаре, ки онро омода мекунад, бояд маҳорати баланди кадбонугӣ ва эҳтиёткорӣ дошта бошад. Зеро дар ҳолати риоя накардани талабот суманак бо таъму ранги махсус омода намегардад. Дар байни мардум мегӯянд, ки шахсе, ки суманакро пухтанӣ аст, бояд ғам надошта...
«ЧАКАН»  — ЗОЛОТОЕ НАСЛЕДИЕ ТАДЖИКИСТАНА
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, ЖУРНАЛ

«ЧАКАН» — ЗОЛОТОЕ НАСЛЕДИЕ ТАДЖИКИСТАНА

Национальная одежда – это зеркало культуры! Национальная одежда – это не просто набор тканей и узоров. Это живая история народа, его традиции, верования и ценности, воплощенные в материальной форме. Она является неотъемлемой частью культурного наследия и играет важную роль в сохранении национальной идентичности. Каждый элемент национального костюма имеет свою историю и символическое значение. Цвета, узоры, фасоны – всё это несет информацию о происхождении, социальном статусе, роде деятельности и даже мировоззрении человека. Например, в некоторых культурах красный цвет символизирует радость и жизненную силу, а белый – чистоту и невинность. Традиции ношения национальной одежды передаются из поколения в поколение, сохраняя связь времен и поколений. Это не просто следование моде, а вы...
Роҳ ба сӯйи камол
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ

Роҳ ба сӯйи камол

Дар арафаи Наврӯзи оламафрӯз маъмурияти мактаб ба Сафармоҳ супориш доданд, ки сенария омода намуда, баъди дарсҳо бо хонандагони синфҳои болоӣ барномаи идонаро машқ кунад. Сафармоҳ зуд аз пайи кор шуд, зеро ӯ ҳамчун омӯзгори фаъолу ташкилотчӣ дар ҳамаи ҷашнҳои мактабӣ саҳмгузор аст... Сафармоҳ Буракова соли 1999 дар деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалик таваллуд шудааст. Ӯ соли 2017 баъди хатми мактаби миёнаи №3 тибқи квотаи Президен­тӣ ба факултети педагогикаи ДДОК ба номи А. Рӯдакӣ дохил шуд. Азбаски орзуҳои ҷавонияш амалӣ шуданд, зуд бо ҳамсабақон унс гирифта, аз пайи омӯзиш шуд. Ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ худро ҳамчун донишҷӯи фаъол нишон дода тавонист. Мудом дар чорабиниҳо ва озмунҳо иштирок карда, сазовори ҷойҳои намоён мешуд ва аз тарафи роҳбарияти донишгоҳ бо ифтихорномаву тӯҳфаҳо қ...
Аввалин  рӯзноманигорзани тоҷик
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ

Аввалин рӯзноманигорзани тоҷик

Музаффара Қосимова яке аз аввалин бонувони қаламкаши тоҷик мебошад, ки дар матбуот фаъолият кардааст. Ӯ дар саргаҳи таъсиси маҷаллаи «Занони Тоҷикистон» («Фирӯза») қарор дорад. Роҳи тайкардаи ӯ барои имрӯзиён намунаи ибрат буда, кору пайкораш аз дифои ҳуқуқу озодии занон ҳикоят мекунад. Мавсуф 5 майи соли 1907 дар гузари Чорраҳаи шаҳри Самарқанд, дар оилаи Абдуллоҷон Абдухолиқов, шоир ва хаттоти машҳури Самарқанд таваллуд шудааст. Музаффара ҳамроҳи бародаронаш Рашид ва Ғанӣ Абдулло дар мактаби усули нави форсии тоҷикии Абдуқодири Шакурӣ таҳсил намудааст. Дар 18-солагӣ ҳамроҳи ҳамсараш Абдуҳаким Қосимов, дастпарвари Дорулфунуни коммунистии халқи Шарқ, барои таҳсил ба омӯзишгоҳи меҳнаткашони шаҳри Москва рафт. Бо ғалабаи ҳокимияти шуроӣ муҳити зиндагии одамон тағйир ёфта, аллакай, тоби...