ЖУРНАЛ

Олиҳаи зиндагӣ
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Хабарҳо

Олиҳаи зиндагӣ

Модар вожаест дилнишину беинтиҳо, азаматест нотамом, дарёест бекарон, зеботарин ва боарзиштарин ҳадяи осмонист. Азизтарин сарват, беҳтарин ормон, ситораи дурахшонест, ки ҷаҳонро нуру зиё мебахшад. Модар арзандатарин ҳастии ҳаёт, фариштаи заминӣ, равшандиҳандаи ҳар як хонадон, беҳтарин пушту паноҳ, қуввату мадори дилҳои нотавон аст. Хуршед ниҳам номи туро ё ки ҷаҳонтоб, Модар, зи бузургӣ сару пойи ту нигин аст, Бар гуш расад аз ту садои хушам он рӯз, Эй хуш бувад он рӯз садоят ба танин аст. Олами ҳастӣ бе шакк аз меҳру муҳаббати модар ҳаваси гардишро бар худ раво донистааст. Ишқи самимӣ, меҳри амиқ, муҳаббати асили модар ба фарзанд бузургии ӯро собит месозад. Зан–Модар тараннумгари садоқат ба Ватан, вафодорию дилбастагӣ ба ҳисоб меравад, ки шоирону адибони ҷаҳонӣ, ба хусус...
Шуои шабафрӯз
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, Матбуот

Шуои шабафрӯз

Сар ба оинаи тайёра ниҳода, лаҳзаҳои бо ту буданамро варақ мезанам. Дар назарам бо канда шудани чархҳои тайёра аз замин ба осмон парвоз мекунам ва бо рӯҳи малакутии ту, Модар дар фазои беолоиш аз гуноҳу фасод, ҳамбол мегардам. Кошки, ин парвоз охир намедошту бо ёди ту дар ҳаво муаллақ мемондам. Ҳамеша дар зиндагӣ аз ҳамин лаҳзаи ҷудоӣ тарс доштам ва ба худ тасаввур карда наметавонистам, ки рӯзе ту ҳам мисли дигар Модарон моро тарк хоҳӣ кард. Медонистам, ки инсон миранда аст, вале бо рафтани ту аз ин дунё бо ин бузургӣ кам бовар доштам… Аз синни хурдсолӣ байни ҳамсолони худ ҳамеша аз ту ифтихор доштам, чунки ту аз занони дигари деҳ тафовути зиёде доштӣ. Фарқияти туро дар сухандониву босаводият, кордониву поктинатиат эҳсос мекардам, ба назарам тамоми китобҳои чопшудаи дастрас кардаа...
Занон дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои миллат
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, Хабарҳо

Занон дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои миллат

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ роҳ ба самти рушди давлати демократии ҳуқуқбунёд пеша намуд, ки асосҳои он ба таври васеъ дар қонунгузории кишвар инъикос гардидаанд. Дар ин самт мубрамияти хос ва ҷиддиро падидаи ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, бахусус, масоили ҳуқуқ ва озодиҳои занон, ҳамчунин, ҳифзи онҳо бо назардошти махсусияти равонӣ, физиологӣ ва маънавӣ ҳамчун яке аз усулҳои муайянсозандаи давлати ҳуқуқбунёд ишғол намуд. "Ҷомеае, ки ба Зан–Модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба Зан–Модар – сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад". Эмомалӣ Раҳмон Набояд фаромӯш сохт, ки солҳои аввали баъди истиқлоли давлатӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон солҳои вазнину ба...
Бемории қалб  ва роҳҳои пешгирии он
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо

Бемории қалб ва роҳҳои пешгирии он

Солҳои охир аксарият аз бемории қалб шиква мекунанд. Табибон бемориҳои марбут ба дилу рагҳоро бо вайрон шудани кори муққарарии дил пайванд медонанд. Барои пешгирии бемориҳои қалб ва солим нигоҳ доштани он суҳбате дорем бо табиби қалбшинос Тоҷинисо Хушмаҳмадова. Даричаи ошноӣ Хушмаҳмадова Тоҷинисо Олимхоновна соли 1988 дар ноҳияи Файзобод, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм намуда, соли 2006 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуда, соли 2012 онро бо ихтисоси кори табобатӣ хатм кардааст. Солҳои 2012-2013 интернатураро бо ихтисоси кардиолог дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои даруна ба итмом расондааст. Аз соли 2013 то ҳол ҳамчун табиби бемориҳои қалб кору фаъолият дорад. –Ба хонандагони маҷаллаи “Фирӯза” дар б...
Сайри ширбадан
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо

Сайри ширбадан

Эҷодиёти сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Сад­риддин Айнӣ қомусе аст, ки дар он ҳамаи паҳлуҳои зиндагии миллати тоҷик инъикос гардидааст. Аз ҷумла дар асарҳои устод дар мавриди ҷашни Наврӯзи дилафрӯз, таърих ва моҳияти он, анъанаҳои таҷлили ин ҷашн дар охири асри XIX ва аввали асри XX маълумоти арзишманд дода шудааст. Аз асарҳои устод Айнӣ бармеояд, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни баҳору Соли нав, ҷашни бедории табиат, ҷашни миллии тоҷикон, марҳилаҳои гуногунро пушти сар карда, алорағми монеъаҳо, ба ҳастии хеш идома бахшидааст. Устод Садриддин Айнӣ дар бораи ҷашни фархундаи Наврӯз дар асарҳои бадеӣ, мақолаҳои публитсистӣ, асари илмии «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» ва дар шоҳасари «Ёддоштҳо» маълумот додааст. Ҳамчунин, васфи баҳору нав­рӯзи оламафрӯз дар ашъори ...
Гурдофариди замон
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Матбуот

Гурдофариди замон

Зани тоҷик аз азал бо далериву ғаюрии хеш дар баробари мардони шуҷоъ дар ҳифзу ҳимояи Ватан нақш гузоштааст. Имрӯз ҳам дар ҷомеаи мо идомадиҳандаи роҳи Гурдофариди қаҳрамон зиёд ҳастанд ва барои ободии кишвар дар ҳама соҳаҳо нақш мегузоранд. Аз ҷумла, бонувон дар замони соҳибистиқлолӣ либоси низомӣ ба бар карда, китф ба китфи ҷавонмардон истода, дар хизмати Ватан ҳастанд ва барои осоиштагии мардум талош меварзанд. Аз ҷумла бонувон дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон фаъолияти назаррас доранд... Дар баробари мардон Ба хотири он ки мо то субҳ ором бихобем, нафароне ҳастанд, ки бедорхобӣ мекашанд. Барои он ки мо дар амният зиндагӣ кунем, гурӯҳе пайваста дар такопӯ мебошанд. Ин нафарон бешак корманди милитсия ҳастанд, ки тартиботи ҷамъиятиро зери назорат доранд ва барои зиндагии осоиш...
Ҷашни фархундаи ориёӣ
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо

Ҷашни фархундаи ориёӣ

Наврӯз аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёӣ ва ёдгории ҳазорсолаҳои тамаддуну фарҳанги ғании сарзамини каёнист. Дар таърихи фарҳанги мардуми тоҷик ҳеҷ як анъана ва расму ойине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд нест. Наврӯз ҷашнест, ки пояндозаш – гулу сабзаҳо, ҳам­овозаш чашмаву рӯдҳо, нағмахонаш андалебон боқӣ ҳама мавҷудоту махлуқот санохони онанд. Бо омад-омади ин Ҷашни фархунда муғҷаву шукуфа, гиёҳу сабза, боғу роғ рӯйпӯши табиат гашта, бориши резаборону хушбӯйии гулҳои нав фазои дашту даманро муаттар месозад. Наврӯз эҳёи табиат фасли гулрезии дасти деҳқон, дилёбиву дилбарии ҷавонон ва дуои хайри пирони рӯзгордида мебошад. Наврӯз ҷашни мардумӣ ва миллӣ аст, ки ба ҳукми таърих зери нуфузи тамаддуни халқҳои қадими ориёӣ қарор гирифта буд, зеро дар он як силсила...
Баъзе рукнҳои  наврӯзии тоҷикон
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо

Баъзе рукнҳои наврӯзии тоҷикон

Наврӯз – ҷашни қадимаи тоҷикон буда, аҷдодони мо онро қариб 5000 сол пеш аз ин низ ҷашн мегирифтанд. Рукнҳои асосии наврӯзӣ – ин хонабуророн ё хонаҳалолкунӣ, сайругашт, оростани дастурхони «ҳафт син» ва «ҳафт шин», тайёр намудани хӯрокҳои махсуси наврӯзӣ, расму русумҳои обшапак, аловпарак, сохтани чанбаргулҳо ё ин ки шогунбанд, ҷуфтбаророн, «мулҷардароён», бозиҳои наврузӣ, «Ашаглон ё ин ки «Сусхотун», «гулгардонӣ» ё ин ки «бойчечакбарӣ» ва ғайра мебошанд. Ҳамаи ин расму русумҳо оид ба пешвозгирии Ҷашни Наврӯз дар байни тоҷикони зироаткор бо мақсади муваффақ гузаронидани корҳои саҳроӣ ва мусоидати боду ҳаво, барор гирифтани корҳои кишоварзӣ дар Соли нав равона карда шуда буданд. Ҳамин рӯз оғози кишту кор ба ҳисоб мерафт ва «Бобои деҳқон» якумин маротиба ба саҳро баромада, тухми ганд...
Фаррухпайк
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Матбуот

Фаррухпайк

Наврӯз оғози сол, оғози зиндагии тоза, оғози умеду орзуҳо буда, ба остонаи ҳар хонадон чун пайки шодиву нишот ва эҳёи замину табиат қадам мениҳад. Наврӯз бо омад-омади худ дар фасли баҳор кулбаву кошонаи моро нури зиё мебахшаду дар вуҷуди мо поктарин эҳсосот ва волотарин умеду орзуҳоро бедор менамояд. Наврӯз бо қадами неку нафаси мубораки хеш адовату кинаро аз замири мо дур месозаду, меҳру бародарӣ, шавқату меҳрубонӣ ва хайру саховатро дар дили ҳар яки мо меангезад. Наврӯзи хуҷастапай иди некиву покизагӣ буда, аз рӯйи эътиқоди ниёгон ба дастурхони ҳар хонадон файзу баракат оварда, ризқу рӯзии пиру барноро меафзояд ва ба кишоварзон кӯшоиши кору ҳосили фаровон мебахшад. Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз буда, аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғ...
Наврӯз бозтоби наҷобат  ва ифтихори миллии тоҷикон
АСОСӢ, ЖУРНАЛ

Наврӯз бозтоби наҷобат ва ифтихори миллии тоҷикон

Наврӯз ҳамчун ҷашни миллӣ аз тарафи халқҳою кишварҳои зиёд таҷлил мешавад. Ва гузашта аз ин, ҳамчун анъанаи миллии бисёр халқҳои Шарқ қабул шудааст. Ҳатто, як фарди ғайритоҷик ва ғайриэронӣ ё дақиқтараш ғайрифорсизабон, шояд дарк насозад, ки Наврӯз кай, дар куҷо ва аз кадом фарҳанге ба фарҳанги мардуми ӯ ворид шудааст. Яъне, имрӯз Наврӯз чунон дар фарҳанги мардуми дигар, аз ҷумла, халқҳои туркзабон ва арабзабон, русух кардааст, ки матраҳ кардани суоли зикршуда, шояд барояшон маъное надошта бошад ва ё боиси тааҷҷуб гардад. Моҳи октябри соли 2009 дар Конференсияи генералии XXXV ЮНЕСКО, ҳангоми ба рӯзномаи иҷлосия ворид шудани масъалаи эълон кардани Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ, нафаре ба ман шӯхиомез гуфт, ки «рӯзи шуморо дигарон гирифтанд». Ман ҳам ба шӯхӣ гуфтам, ки «мо, тоҷикон ва ...