Хабарҳо

ҶОИЗАҲОИ «ПАРАСТУ-2025»
АСОСӢ, Хабарҳо

ҶОИЗАҲОИ «ПАРАСТУ-2025»

1.Шоҳҷоизаи Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту - 2025» ба Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ барои намоиши «Достони Сиёвуш» аз рӯи “Шоҳнома”-и А.Фирдавсӣ дар таҳияи Баҳром Қурбонзода дода шуд.   2. Ҷои аввал ба Театри муси Қӣ-мазҳакавии ба номи М.Назарови шаҳри Хоруғ барои намоиши «ЯЛ» аз рӯи “Шоҳнома”-и А.Фирдавсӣ дар таҳияи Умед Хисравов дода шуд.   3. Ҷои дуюм ба Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара барои намоиши «Ривояти суғдӣ» -и С.Улуғзода дар таҳияи Саидакрам Алимов дода шуд.   4. Ҷои сеюм ба Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Т.Фозиловаи шаҳри Конибодом барои намоиши «Бозгашт»-и Фарҳод Ғаффорпур дода шуд.   5. Ҷоизаи «Беҳтарин ансамбли актёрӣ» намоиши «Зангирӣ ё дамгирӣ»-и Султон Сафаров дар таҳи...
Роғун – кохи нур
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Хабарҳо, ҶОЗИБАҲОИ ТОҶИКИСТОН

Роғун – кохи нур

16-апрел дар Осорхонаи миллӣ дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи рассомони Тоҷикистон намоиши асарҳои мусаввирони тоҷик таҳти унвони «Роғун – Кохи нур» ифтитоҳ гардид. Намоиш бо мақсади тарғибу ташвиқи дастовардҳои замони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ҳадафҳои стратегии мамлакат, бунёди яке аз иншооти муҳимму стратегии мамлакат – Неругоҳи барқи обии «Роғун» ташкил карда шуд. Дар намоиши мазкур беш аз 100 асари санъати тасвирӣ ва ороишӣ-амалӣ, ки маҳсули эҷоди рассомон-мусаввирон, катибанигорон (графикон), муҷассамасозон, наққошон ва кандакорони кишвар мебошанд ба намоиш гузошта шудааст, ки маҳсули эҷоди 41 рассоми муосири тоҷик мебошад. Ҳамчунин, аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ асарҳои 10 рассоми шуравии тоҷик, ки солҳои 70-уми асри гузашта, дар мавзуи Роғун офарида шудаанд, ба маърази тамошо г...
Изҳори тасаллият
АСОСӢ, Хабарҳо

Изҳори тасаллият

Аҳли фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз реҳлати раққоса ва балетмейстери Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1967). Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1987) Гавҳар Мирҷумъаева сахт андуҳгин буда, ба пайвандон ва ҳаводорони ин ситораи фазои санъат, ҳамдардии амиқ баён менамояд. Гавҳар Мирҷумъаева на танҳо ҳунарманди барҷастае буд, балки намоде аз вафодорӣ ба пешаи интихобкардааш, улгӯе аз тахассуси воло ва инсоният низ ба шумор мерафт. Даргузашти ин санъаткори асил, зоеъае ҷуброннопазир барои ҷомеъаи санъату ҳунар ва ҳаводорону шефтагони истеъдод ва ҷазаботи ӯ маҳсуб мешаванд. Гавҳар Мирҷумъаева c. 1979 шуъбаи режиссёрии ДДСТ ба номи М. Турсунзодаро хатм намудааст. С. 1957 дар Фестивали 6-уми умумиҷаҳонии ҷавонон ва студен...
Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – «Парасту 2025»
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Хабарҳо

Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – «Парасту 2025»

Суратгузориш аз Маросими мутантани ифтитоҳи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – «Парасту 2025» , ки имрӯз, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо намоиши «Куруши Кабир» дар таҳияи Айяна Оскенбаева оғоз ёфт.
Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст!
АСОСӢ, Хабарҳо

Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст!

11-уми апрели соли равон дар саҳни бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаи пуршукӯҳи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид, ки дар он вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода ва роҳбарону кормандони зерсохторҳои вазорат, адибону шоирон ва санъаткорони шинохтаи кишвар иштирок намуданд. Қабл аз оғози намоиши идона барои меҳмонон намоиши ҳунарҳои мардумӣ, расму мусаввараҳо, гӯшаҳои ҷашнии зерсохторҳои вазорат, аз ҷумла маҳсули эҷоди ҳунармандону тарроҳон, кадбонувони моҳир, дар маҷмуъ намунаҳои ҳунарҳои миллӣ пешниҳод карда шуд. Зимни чорабинии ҷашнӣ таъкид гардид, ки маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва иқдомҳои созандаи Президенти...
Ифтитоҳи тандиси Одина Ҳошим
АСОСӢ, Хабарҳо

Ифтитоҳи тандиси Одина Ҳошим

10-уми апрел дар ноҳияи Синои пойтахт, нимпайкараи овозхони маъруф, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, зиндаёд Одина Ҳошим насб карда шуд. Дар маросими ифтитоҳи ин тандис, роҳбарони Вазорати фарҳанг, намояндагони шаҳрдории (МИҲД) шаҳри Душанбе, ҳаводорон ва пайвандони овозхони шинохта ва инчунин намояндагони дигар мақомоти масъул ҳузур доштанд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ «КИТОБ ҲАМЧУН РУКНИ АСОСИИ ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС»
АСОСӢ, Хабарҳо

ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ «КИТОБ ҲАМЧУН РУКНИ АСОСИИ ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС»

Бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Китоб ҳамчун рукни асосии тарбияи насли наврас» бо иштироки олимон, шоирон, композиторон, намояндагони муассисаҳои нашриявии Вазорати фарҳанг, омӯзгорон ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе доир гардид. Тавре муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафарзода иброз дошт, зербинои ҳар як давлат аз тарбияи насли наврас сарчашма гирифта, дар ин самт, дониш, ҷаҳонбинӣ, ифтихору ғурури миллӣ, дӯстдории Ватан, арҷгузорӣ ба муқаддасоти он ва эҳтиром гузоштан ба шахсиятҳои таърихии миллат аз шохаҳои маърифат дониста мешавад. Пӯшида нест, ки имрӯз наврасон дар вазъияти мураккаби ҷаҳо...
Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди соҳаи фарҳанг дар соли 2024
АСОСӢ, Хабарҳо

Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди соҳаи фарҳанг дар соли 2024

Имрӯз, 10-уми апрел дар Коллеҷи санъати ш.Душанбе бо иштироки роҳбарияти Вазорати фарҳанг, кормандони дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони зерсохторҳо ҷаласаи Ҳайати мушовараи вазорат баргузор гардид, ки дар он ҷамъбасти натиҷаҳои рушди соҳаи фарҳанг дар соли 2024, арзёбии фаъолият дар семоҳаи соли 2025 ва вазифагузориҳо барои нимсолаи соли 2025 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг
Фестивал — озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ -«Парасту»-ро баргузор мегардад
АСОСӢ, Хабарҳо

Фестивал — озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ -«Парасту»-ро баргузор мегардад

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди драматургия ва санъати театри миллӣ, эҷод ва пешниҳоди асарҳои баландғояи ватанӣ, такмили маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон аз 14 то 21 апрели соли 2025 дар шаҳри Душанбе, бахшида ба 35 –умин солагарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ -«Парасту»-ро баргузор менамояд. Мавриди зикр аст, ки Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту» анъанавӣ буда, дар ду сол як маротиба бо иштироки театрҳои касбии кишвар доир мегардад. Расми кушоди Фестивал-озмун 14 апрели соли 2025, соати 17 - 30 ва ҷамъбасти он 21 апрели соли 2025, соати 17 – 30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар назар аст. Дар Фестивал – озмун 18 театри касби...
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон
АСОСӢ, Хабарҳо

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон

Дар доираи тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд имрӯз (29-уми март) мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо ҳамтои худ-Вазири фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон - Мамбеталиев Мирбек Кемелович доир гардид. Ҷонибҳо аз ҳамкориҳои мутақобилан судманду фарҳангии ду кишвари дӯсту ҳамсоя -Тоҷикистону Қирғизистон ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки ин ҳамкориҳо дар оянда беш аз пеш тавсеа меёбанд. Инчунин, вобаста ба баргузории фестивалу форумҳои фарҳангӣ, чорабиниҳои муштарак ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон мубодилаи афкор сурат гирифт. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон...