Хабарҳо

Озмуни ҷумҳуриявии драмнависон
АСОСӢ, Озмунҳо, Хабарҳо

Озмуни ҷумҳуриявии драмнависон

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми феврали соли 2025 Озмуни ҷумҳуриявии драмнависонро эълон мекунад. Қабули асарҳо то 1 сентябри соли 2025 сурат мегирад. Мақсад ва вазифаҳои озмун 1. Озмун бахшида ба таҷлили 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон эълон мегардад. 2. Озмун бо мақсади рушди драматургияи миллӣ , тарғиби дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ , ваҳдату ягонагӣ , сулҳу субот, ватандӯстӣ , созандагиву ободонӣ , анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ , муқовимат бо коррупсия, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ ва пурра гардидани репертуари театрҳои касбии мамлакат гузаронида мешавад. 3. Озмун ба тарғиби драматургия ва санъати театрӣ , бою...
Ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Русия
АСОСӢ, Хабарҳо

Ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Русия

Ҳамраиси Бунёди Байналмилалии Ҳамкориҳои Гуманитарӣ- Швидкой Михаил Ефимович ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда бо роҳбарияти вазорат мулоқоти судманд анҷом доданд. Ҷонибҳо аз ҳамкориҳои мутақобилан судманду фарҳангии ду кишвари дӯст -Тоҷикистону Русия ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки ин ҳамкориҳо дар оянда низ тавсеа меёбанд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг
Маросими ҷоизасупорӣ дар театри Лоҳутӣ
АСОСӢ, Хабарҳо

Маросими ҷоизасупорӣ дар театри Лоҳутӣ

Имрӯз, 19-уми феврал бо ташаббуси Вазорати фарҳанг дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ, Маросими ҷоизасупорӣ доир гардид. Дар ин маросим ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Муаллими сол”, ҳавасмандсозии иштирокчиёни озмуну фестивалҳои байналмилалӣ, ҳунарпешагон, гуруҳҳои ҳунарӣ ва муасисаҳое, ки дар давоми соли 2024 фаъолияти пурсамар доштанд, қадрдонӣ гардиданд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг
«Агар аз ту ёд ояд»
АСОСӢ, Хабарҳо

«Агар аз ту ёд ояд»

16-уми феврали соли 2025 дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев ба хотири гиромидошти санъати сарояндагии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон - Муқаддас Набиева барномаи фарҳангӣ баргузор гардид. Дар барномаи мазкур ҳунармандон: Баҳодур Неъматов, Нигина Амонқулова, Луҳира Муъминова, Раҳима Шаллоэр, Дилором Қурбонова, Ансамбли давлатии рақсии "Зебо" ва дигарон ҳунарнамоӣ намуданд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ...
Намоиш ва фурӯши китоб
АСОСӢ, Хабарҳо

Намоиш ва фурӯши китоб

ИМРӮЗ БО ТАШАББУСИ ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ ДАР БИНОИ ТЕАТРИ ДАВЛАТИИ АКАДЕМИИ ОПЕРА ВА БАЛЕТИ БА НОМИ С. АЙНИ НАМОИШ ВА ФУРӮШИ КИТОБҲОИ МУАССИСАҲОИ НАШРИЯВӢ МАНЗУРИ ХОНАНДАГОН ГАРДОНИДА ШУД.
Терроризм  – зуҳуроти номатлуб
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, Дохилӣ, ЖУРНАЛ, Матбуот, Хабарҳо

Терроризм – зуҳуроти номатлуб

Экстремизм ва терроризм ҳамчун ҷинояти мудҳиши байналмилалӣ хатари ҷиддӣ ба амният ва суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Ҳамин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон мебарад. Кишвари мо дар ин самт як зумра  қонун, санадҳои ҳуқуқиро қабул намудааст. Аз ҷумла: Қонуни ҶТ "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм" (соли 1999), Қонуни ҶТ "Дар бораи муқовимат ба экстремизм" (соли 2020), Фармони Президенти ҶТ “Дар бораи тадбирҳои пурзӯр кардани мубориза бо терроризм” (аз 21-уми апрели соли 1997, №707), Барномаи давлатии ҶТ оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм барои солҳои 2000-2003,  Стратегияи миллии ҶТ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, Фармони Президенти ҶТ а...
«Сада» муборак
АСОСӢ, Матбуот, Хабарҳо

«Сада» муборак

Имрӯз, 1-уми феврал дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе яке аз ҷашнҳои бостонии тоҷикон ва мероси муқаддаси ниёконамон- Сада бо шаҳомати хоса таҷлил гардид, суратгузориш аз макони баргузории ин чорабинӣ. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг
ФАРҲАНГ ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ !
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Хабарҳо

ФАРҲАНГ ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ !

Санаи 24 январи соли 2025 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода ҷиҳати анҷом додани сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд. Дар рафти сафари корӣ раиси ноҳияи Данғара Саломзода Сиҷоуддин Вазири фарҳангро ҳамроҳӣ намуда,аз рафти корҳои сохтмонии бинои Муассисаи давлатии "Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии Данғара" шинос шуда, инчунин аз фаъолияти кории кормандони Муассисаи давлатии "Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги Данғара", Муассисаи давлатии "Театри мусиқӣ-драмавии Данғара" Шӯъбаи фарҳанг, мактаби мусиқии бачагона ва китобхонаи марказӣ дидан намуданд. ...
НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТ
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Матбуот, Президент, Хабарҳо

НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТ

Сояи Пешво нагардад дур аз болои сар,Аз азал тоҷик мекард ахтарашро тоҷи сар.Президенти як мамлакат будан кори саҳлу сода нест. Танҳо шахси дорои истеъдодифавқулода метавонад масъулияти бузурги давлатдориро бар дӯш бигирад ва тавассутиба роҳ мондани сиёсати оқилонаю дурандешона ва гиромидошти арзишҳои волоимиллӣ мардумро дар атрофи ғояҳои пешбаранда муттаҳид созад, таҳкимбахши неруизеҳнии мардум, раҳнамою раҳкушо ва машъали тобони миллат бошад.Хушбахтона, дар ин сангари вазнину нангин, дар масири ватансозӣ моро хирадиазалӣ ҳидоятгар аст ва абармарде, ки дар синаи ӯ меҳри ватан метападу дили дунёҷойгир аст, таҷрибаи мардумсолорӣ ва давлатдориаш дар олами сиёсат мактабиомӯзиш ва таҷрибаи нодири таърихист, сарварии миллати соҳибфарҳангутамаддунофарро бар дӯш дорад, Пешвои миллати тоҷикон...
Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
АСОСӢ, Хабарҳо

Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

Имрӯз, 21-уми январ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаҳмонидани нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҷаласа доир гардид.Дар ҷаласа маърӯзаи Вазири фарҳанг- Сатториён Матлубахон Амонзода, сармуҳарири Сарредаксияи илмии “Энсиклопедияи милли тоҷик” Нурмуҳамммад Амиршоҳӣ ва сардори раёсати табъу нашр ва матбуоти вазорат -Раҳмоналӣ Мирализода доир ба моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шунида шуд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ...