Хабарҳо

Оилаи солим –ҷомеаи солим
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, Дастовардҳои соҳа, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, Хабарҳо

Оилаи солим –ҷомеаи солим

Дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик оила ҳамчун арзиши муқаддас шинохта мешавад. Осоиши инсон ва муваффақияти фарзандонро гузаштагони мо аз баракати хонаводаи солим медонанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки «Оила ниҳоди асосии ҷомеа, манбаи парваришу тарбияи неруи солими зеҳниву ҷисмонӣ ва идомадиҳандаи наслҳо маҳсуб мешавад. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз руҳияи поку созанда, сатҳи маърифат ва саломатии Зан-Модар вобаста аст». Воқеан, оила арзиши муқаддасу қадимиест, ки ба эҳёи тамаддунҳо замина гузошта, дар зиндагии инсоният ва пешрафти мадании ҷомеа нақши муҳимро мебозад. Оила биноест, ки барои тамоми умр бунёд в...
Армуғони Наврӯза
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Президент, Хабарҳо

Армуғони Наврӯза

“11-июни соли 2021 рӯзи фаромӯшнопазир аст бароям”, – мегӯяд Наврӯза Мамирова. Воқеан ҳам, Наврӯза дар синни 25-солагиаш дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо аҳли зиё ва фаъолони вилояти Суғд, ки дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд, иштирок карда, аз номи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрониву шеърхонӣ намуд. Суханронии саршор аз ҳиссиёту ҳаяҷон ва таъсирбахш толори Қасри Арбобро гӯё ба ларза овардааст, зеро баромади ӯ аз дигарон бо он фарқ дошт, ки ҳам бо забони тоҷикӣ буду ҳам узбекӣ. Имрӯз ин духтари деваштичиро на фақат дар Тоҷикистону Узбекистон, балки берун аз он низ мешиносанд. Ин ҷо бояд зикр кард, ки Шавкат Мирзиёев аввалин ро...
Дурахши ситораи нав дар варзиши тоҷик
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Хабарҳо

Дурахши ситораи нав дар варзиши тоҷик

Дар мусобиқаи ҷаҳонии ҷудо Dushanbe Grand Slam 2025, ки аз 2 то 5-уми май дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ҷавондухтари тоҷик Мадина Қурбонзода соҳиби медали биринҷӣ шуд. Ӯ бо мағлуб кардани ҳарифи чиниаш дар вазни 52 кг дар таърихи ҷудои кишвар аввалин паҳлавонбонуе шуд, ки медали биринҷии Grand Slam-ро ба гардан овехт ва номи худро дар таърихи варзиши тоҷик муҳр зад. ТОҶИКИСТОН ДАР МАҚОМИ АВВАЛ Дар Dushanbe Grand Slam 2025 паҳлавонони тоҷик аз ҳисоби теъдоди нишонҳо миёни 226 варзишгар (123 мард ва 103 зан) аз 27 давлати ҷаҳону 4 қитъаи олам бо гирифтани 11 нишон (4 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар зинаи аввал қарор гирифтанд, ки дар таърихи ҷудои кишвар чунин нишондод маротибаи аввал аст. Нишонҳои тиллоро Эмомалии Нуралӣ (66 кило), Муҳиддин Асадуллозода (73 кило), Сомон Маҳ­мадб...
Соҳибэҳтиром
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Хабарҳо

Соҳибэҳтиром

Субҳи содиқ, бо тулуи нахустин нурзарраҳои хуршед Зикамо аз пайи анҷоми кору бори рӯзгор аст. Ӯ модари шаш фарзанд ва ҳашт набера аст. Илова ба рисолати ҳамсарию модарӣ, ҳамчун роҳбар масъулияти тарбияи насли наврасро бар дӯш дорад. Ин бонуи чолоку чаққон, кордон ва масъулиятшиносро дер боз мешиносаму эҳтиромаш мекунам. Ӯ ҳамчун бонуи фаъол ва кордон дар ҳамаи чорабиниҳои ноҳиявӣ саҳми арзандаи худро мегузорад. Инак, каме аз зиндагинома ва фаъолияти кории ин бонуи муваффақ ҳарф мезанем. Шукурова Зикамо Раҳмоновна дар ноҳияи Темурмалик дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Ӯ соли 1989 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Темурмаликро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, бо шавҳараш Отубинуло Шарипов ва аҳли фарзандон дар заминҳои хоҷагии деҳқонӣ заҳмат кашида, рӯзгори хешро пеш мебурд. ...
Лабони модарон пурханда бошанд
АСОСӢ, БОНУВОНИ МУВАФФАҚ, ЖУРНАЛ, Хабарҳо

Лабони модарон пурханда бошанд

Устод Лоиқ Шералӣ яке аз шоирони бузурги муосири тоҷик мебошад, ки ашъораш ҳамнавои дили мардум аст. Донандагони осори Лоиқ ӯро шоири зан, замин ва зиндагӣ меноманд, зеро дар шеъри муосири тоҷик беҳтарин тавсифи Зан-Модар, дилдор, сарзамину меҳан ва расотарин тасвиру таъбирҳо аз талхию ширинии рӯзгор дар осори ин шоири беназир таҷассум гардидаанд. Устод Лоиқ умри кам дид, ҳамагӣ 59 сол, вале осори гаронбаҳое аз худ ба мерос гузошт. Дар замони зиндагиаш беш аз 20 маҷмӯаи ашъораш дар Тоҷикистону хориҷ аз он ба нашр расиданд ва нашри китобҳои ӯ пас аз маргаш низ идома доранд. Ҷилди аввали “Куллиёт”-и шоир бори аввал соли 2000 ва баъдан соли 2006 дар Теҳрон ва ахиран соли 2008 дар Душанбе ба табъ расидааст, ки ҳамаи ашъори шоирро фаро гирифтааст. Вале бо гузашти чанд сол маълум шуд, ки чанд...
Ваҳдат – асоси ҳастии миллат
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Хабарҳо

Ваҳдат – асоси ҳастии миллат

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон чунин гуфтаанд: «Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд». Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳид­со­зан­даи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад. Сулҳу ваҳдат чун омили сарнавиштсоз, пойдевори ҳастии миллат ва арзишҳои м...
Мулоқоти Матлубахон Сатториён бо ректори ВГИК Малишев Владимир
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Хабарҳо

Мулоқоти Матлубахон Сатториён бо ректори ВГИК Малишев Владимир

24 Майи соли 2025 дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода дар шаҳри Москва бо ректори Донишгоҳи давлатии умумироссиягии кинематография (ВГИК) Малишев Владимир мулоқот намуданд. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо бо мақсади рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар соҳаи фарҳангу санъат ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни муассисаҳои таълимӣ, инчунин омода намудани мутахассисони касбӣ ва табодули таҷриба изҳори назар намуданд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон...
Ифтитоҳи намоиши «Зебоии Тоҷикистон: мерос барои оянда» дар Москав
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Хабарҳо

Ифтитоҳи намоиши «Зебоии Тоҷикистон: мерос барои оянда» дар Москав

2 июни соли 2025 вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода ва вазири фарҳанги Федератсияи Русия Ольга Борисовна Любимова дар ифтитоҳи намоиши «Зебоии Тоҷикистон: мерос барои оянда» дар Маҷмааи осорхонавию намоишии Академияи рассомии Русия иштирок намуданд. Намоишгоҳи мазкур дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия баргузор гардида дар он зиёда аз 30 асари рассомони маъруфи тоҷик ба маърази тамошо гузошта шуд. Қайд бояд намуд, ки намоиш то 5-уми июни соли 2025 идома меёбад. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон...
Мулоқот бо директори генералии ИСЕСКО
АСОСӢ, Хабарҳо

Мулоқот бо директори генералии ИСЕСКО

Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори генералии Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО) Салим ал-Молик мулоқот доир гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои мутақобила дар самти фарҳанг, ҳифзи мероси фарҳангӣ масъалагузорӣ намуда, густариши робитаҳоро соҳаҳои марбут ба фарҳанг иқдоми муҳим шумориданд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иштироки намояндагони аҳли фарҳанги Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмиллалӣ
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Хабарҳо

Иштироки намояндагони аҳли фарҳанги Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмиллалӣ

Дар доираи эълон гардидани шаҳри Самарқанд ҳамчун пойтахти фарҳангии ҷаҳони ислом дар соли 2025 бо иштироки вазирони фарҳанги кишварҳои узви ICESCO ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ Форуми байналмилалӣ дар мавзӯи «Мероси маънавӣ ва шаклҳои баёни фарҳанги ҷаҳони Ислом: хаттотӣ, мусиқӣ, шеър ва ҳамбастагӣ» доир гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинии фарҳангии байналмилалӣ муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафарзода ва сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии вазорат Савриддин Саидзода намояндагӣ мекунанд. Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода зимни суханронӣ дар ҳамоиш қайд кард, ки Барномаи «Пойтахти фарҳанги исломӣ» ба ҳифзи ҳувияти миллӣ ва вижагиҳои фарҳангӣ, эҳтиром ба гуногунии фарҳанг...