Изҳори тасаллият
Аҳли фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз реҳлати Саидмурод Мардонов- Артисти хизматнишондодаи Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ситораи пурҷилои театру синамои тоҷик, сахт андуҳгин буда, ба пайвандон ва ҳаводорони ин ситораи фазои санъату ҳунар, ҳамдардии амиқ баён менамояд.
Саидмуроди Мардон на танҳо ҳунарманди барҷастае буд, балки намоде аз вафодорӣ ба пешаи интихобкардааш, улгӯе аз тахассуси воло ва инсоният низ ба шумор мерафт. Даргузашти ин ҳунарманди асил, ҷуброннопазир барои ҷомеъаи санъату ҳунар ва ҳаводорону шефтагони истеъдод ва ҷазаботи ӯ маҳсуб мешаванд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки Саидмуроди Мардон баъди хатми мактаби миёна аз соли 1957 то соли 1959 дар Омӯзишгоҳи маданӣ-равшаннамоии маҳаллаи Сардор Қарахонов дониш омӯхта, аз соли 1959 то 1964 дар Донишка...








