НУРУ ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ

Истиқлоли давлатӣ баҳри ҳар як халқу миллате, ки ба ҳастии имрӯзаву ояндаи худ арҷ мегузорад, кӯшиши баробари замон қадам задан мекунад, давлаташро як ҷузъи ҷудонопазири сайёраи одамизод, тамаддуни муосири башарият медонад, чун обу ҳаво ва мавҷудияти офтоб, ки бидуни он зиндагӣ дар рӯйи замин вуҷуд нахоҳад дошт, зарур мебошад. Аз ин рӯ, халқи тоҷик вазифадор аст истиқлолияти миллиашро, ки бо шикасту рехти зиёд ба даст омадаву бинобар сиёсати оқилонаву дурандешона, иқдому талошҳои пайдарпаю пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила ташаккул ёфтаву қавӣ гардидааст, мисли гавҳараки чашм, неъмати нодиру бебаҳо, ҳамчун арзиши волову нотакрор ҳифз намояд.
Сарзамини куҳанбунёду таърихии тоҷикон, ки дар даврони истиқлол ба шарофати зуҳури барҷастаи иродаи инсониву сиёсию иҷтимоии Пешвои муаззами миллат ба дарёфти фазои ҳаёти осудаву осоишта мушарраф гашта, саропо боғу бӯстони сарсабзу хуррамро мемонаду сокинони сарбаланду саодатмандаш шарафмандона, саршори орзуву умедҳои нек ба фардои боз ҳам дурахшандатар умр ба сар мебаранд, бесаброна санаи мубораки ҷашни муҷаддасу фараҳафзоро интизор аст. Тамоми Тоҷикистон, ки баҳри пешвози ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагии комил гирифтааст, рӯҳияи шодиангези идона дорад. Ин ҷашн барои халқи тоҷик ва ҷумҳурии соҳибистиқлол ҷашни марҳилавӣ маҳсуб меёбад ва баҳри пешрафти минбаъдаи ҷомеаи Тоҷикистон заминаҳои ниҳоят муҳимро ба миён меоварад.
Ин диёри ҳар ваҷаб заминаш ҳосилхезу пурбаракат саросар ба майдони бузурги нопайдоканори корзор мубаддал шуда, зимни дастуру ҳидоятҳои роҳбари давлат ҳазорон иншооти гунонун қомат афрохтаанд, баҳри насли наврас паси ҳам мактабу литсею гимназияҳои замонавӣ, қасрҳои фарҳанг бунёд шудаанд, ки онҳо, фарзандони замони истиқлол хубу аъло таҳсил намуда, солиму солеҳ, донову ватандӯст камол ёбанд, ҳазорон фарсах роҳи наву обод, нақбу пулҳои боҳашамат , нерӯгоҳҳои обию барқии хурду калон мавриди истифода қарор мегиранд,то ки иҷтисодиёти мамлакат бемайлон пеш равад, боғу гулгашт, хиёбонҳои нав, биноҳои зебову назаррабои фарҳангиву иҷтимоиву варзишӣ муҳити шаҳру ноҳияҳоро зеб бахшида, симои меъмории онҳоро такмил медиҳанд, бад — ин васила рӯҳи мардум тағйир ва эҳсоси зебоишиносиаш ташаккул меёбанд.
Дар ин радиф, бешубҳа, бунёди НБО-и Роғун, ки кашфу эҳёяш бевосита ба номи мубораки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври ногусастанӣ пайванд аст, мақому мартабаи хоса дорад. Тибқи нақша соли оянда агрегати сеюми ин нерӯгоҳи бузургу камназир бояд ба ҳаракат дарояд ва бобати таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат боз як қадами қатъӣ гузошта мешавад. Беҳуда нест, ки қаҳрамонии сохтмончиёни нерӯгоҳро адибони тоҷик дар як силсила мақолаву очерк, ҳикояву повест ва романҳои бадеияшон бо меҳру эҳтиром васф намудаанд.
Наслҳои мухталифи мардум барвақт пай бурдаанд, ки рушди пайвастаи соҳаи маориф рукну заминаи муҳимтарини зиндагии миллати тамаддунбунёд дар сиёсати Пешвои маҳбуби тоҷикон афзалияти доимӣ дошту дорад.Моҳи сентябр соли ҷорӣ дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон беш аз 4000 ҳазор мактаб 2 миллиону 280 ҳазор талабаву толиба,қариб панҷоҳ мактаби олӣ наздики 215 ҳазор донишҷӯро ба таҳсил фаро мегиранд. Алҳол дар муассисаҳои таълимии 42 мамлакати дунё беш аз 40 ҳазор нафар донишҷӯи тоҷик зимни дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шавқу завқи том илм меомӯзанд. Таърихи маорифи мо ин гуна имконияти густурдаи интихоби пешаро барои ҷавонони замони соҳибихтиёрӣ ёд надорад, иқдомоти мазкур, ки аз ҳидоятҳои Пешвои миллат бармеоянд, бесобиқа эътироф шудаанд. Аз ин рӯ, насиҳати бамавриду падаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “ хонед, илм омӯзед, забонҳои хориҷиро азхуд намоед, аз пешравиҳои илму техника, фанҳои дақиқ, технологияҳои нав бархурдор бошед, чун кадри ба замони истиқлол ҷавобгӯ камол ёбед, ба ватани азизу маҳбуби худ хизмат кунед” , ки борҳо ғамхоронаву дилсӯзона, бо муҳаббат ба халқи хеш садо додааст, бояд,ки сармашқи зиндагиву таҳсили ҷавонони лаёқатманду баистеъдод бошад, пайваста бояд, ки дар баногӯши ҷавонписарону духтарон танин ангезад.
Тайи понздаҳ – бист соли охир, боз ҳам зимни пешниҳоди басо дурандешонаи сарвари давлат, талаботи асноди расмии дар ин бобат пазируфташуда ба ҳаёти занону духтарони тоҷик такони бениҳоят ҷиддӣ бахшид. Онҳоро гӯё аз хоби гарон, аз гирдоби ғафлат бедор кард, то фаъол бишаванду рисолати худро бишиносанд, мақоми арзандаашонро дар чаҳорсӯи ҳаёт пайдо кунанд. Маҳсули гуворои он талошу эътимод ба қудрати рӯҳонии занону духтарони тоҷик аст, ки онҳо имрӯз ба сифати сиёсатмадор, намояндаи халқ дар парламенти кишвар, роҳбари вазорату идораҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, масъули зинаҳои гуногуни ҳукуматҳо, сарварони маориф, соҳаи тандурустӣ – сиҳатии оммаву фарҳанги миллӣ,соҳибкорони муваффақ ва ғайра самтҳо сарбаландона бо камоли масъулият бобати пешрафти ҷомеаи муосир хизмат мекунанд. Бинобар таъкидҳои Пешвои муаззами миллат ин раванд дар оянда ҳам пайваста ривоҷу равнақ мебинад ва мақоми Зан – Модар аз пештара дида бештар шукӯҳу шаҳомати хоса ба даст меорад.
Ба фаъолият пардохтани Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, китобхонаву осорхона дар шаҳру ноҳияҳо барои камолоти инсонӣ, худогоҳию худшиносии табақаҳои гуногуни ҷомеаи имрӯза заминаҳои бағоят қавӣ ба вуҷуд овардаанд. Назари одамон ба ояндаи хеш, дарки маънои саҳифаҳои гузаштаи таърих, падидаҳои гуворои айёми истиқлолият комилан дигар гашта, оҳанги мусбат пайдо кардааст,ҳисси ифтихор аз корнамоиву бозёфтҳои илмиву адабии ниёгон ба маротиб афзудааст. Сулҳ, ваҳдат, ҳамбастагиву рафоқат, созандагиву бунёдкорӣ – ин мафҳумҳо ҳамеша вирди забони мардуми шарифи Тоҷикистонанд.
Инро мо бидуни муболиға дар ҷараёни озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Шоҳномахонӣ”, “Беҳтарин донандаи асарҳои Пешвои миллат” ва амсоли инҳо рӯшан мушоҳида мекунем. Зеро ба шарофати ин озмунҳо сатҳи донишомӯзӣ, муҳаббат ба китоб, ҷаҳонбиниву одаму оламшиносӣ, шинохти қадри ҳунару истеъдод, меҳанпарастӣ, амиқ донистани таърихи гузаштаи миллат, комёбиҳои камназари айёми истиқлолият хеле мушаххас ба чашм мерасанд.
Сатрҳои мазкур ҷиҳати дарки он дигаргуниҳои куллии иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву маънавие, ки дар зиндагии воқеиву зеҳну шуури мардум ба вуқӯъ пайвастаанд, ба сони қатрае аз баҳр аст. Ва бидуни баҳс зикр менамоем, ки ин ҳама симои замони истиқлолияти Тоҷикистонро бағоят пуршукӯҳ пеши назар меорад. Ва ин ҳама ободиву бунёдкориҳо ба он боис шуда ,ки эътимоду бовари халқ ба давлат қавӣ гашта, муҳаббати самимиву бепоёнаш ба шахсияти нодири таърихӣ, абармарди сиёсат, ки бо азму ҷазми сулҳофаринии беамсоли худ, бо силсилаи ташаббусҳои баҳри ҷаҳониён арзишманду аҳаммиятнок обрӯву эътибори байналмилалӣ пайдо кардаанд, ҳадду канор надорад. Даҳ-дувоздаҳ сол муқаддам дар пйесаи “Назаркарда” доир ба фаъолияти беназири сулҳофарии Пешвои миллат ва дар мақолаи дигарам маънии зеринро зикр карда будам: “Ба шарофати сулҳи деринтизор, ниҳоят Тоҷикистон, халқ ба Президент ва Президент ба халқу Тоҷикистон пайвастанд. Он пайванд, замонаҳо дертар собит сохта , ки пайванди якумрист!” Имрӯз ҳам боэътимод метавон гуфт, ки муҳаббати софу беолоиш ба Пешвои миллат рамзи муҳаббат ва садоқат ба Ватану сарзамини аҷдодӣ аст.
Аз ин рӯ, бешак, солҳост, ки ба ҳукми анъанаи наҷибу рӯҳафзо даромадаву сокинони меҳнатқарини шаҳру ноҳияҳо, мавзеъҳои дурдасттарини мамлакатамон бесаброна, бо ҳаяҷону шодмонӣ, умеду орзуҳо ташрифи Ҷаноби Олӣ, Пешвои маҳбуби миллатро ба диёрашон интизор меистанд. Зеро аниқ медонанд: ба ҳар куҷое, ки қадами мубораки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон расид, он ҷо обод мешавад, гул — гул мешукуфад, рӯҳи мардум аз ҳафт то ҳафтодсола меболад ва аз дидорашон сиришту ақли ҳар нафарро эҳсоси ифтихор аз Ватани маҳбуб фаро мегирад.
✍️ Абдуғаффор АБДУҶАББОР
Нависандаи халқии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *