Президент

Мулоқот бо бунёдгарони Неругоҳи Роғун
АСОСӢ, Президент

Мулоқот бо бунёдгарони Неругоҳи Роғун

21 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бо бунёдгарони Неругоҳи Роғун мулоқот намуданд. Нахуст Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои даврони 35-соли соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла бунёду таҷдиди ҳазорҳо километр роҳҳои байналмилаливу дохилӣ, неругоҳҳои обӣ, хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳо, корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ёдовар шуда, ҳамаи иштирокдорони вохуриро бо солгарди ин ҷашни умумимиллӣ табрику таҳният гуфтанд. Таъкид гардид, ки бунёди неругоҳи Роғун низ аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлол мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шиносоӣ бо вазъи корҳо дар иншооти асрро натиҷагирӣ карда, барои вусъати корҳои созандагӣ дар назди бунёдгарони неругоҳ вазифа...
Иштирок дар ҷаласаи якуми Шуро оид ба рушди иқтисоди рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Иштирок дар ҷаласаи якуми Шуро оид ба рушди иқтисоди рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

19 август таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шуро оид ба рушди иқтисоди рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи якуми Шуро баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзои Шуро ва роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд. Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба самтҳои афзалиятнок ва тадбирҳои амалисозии Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030, инчунин пешниҳоди масъалаи «Рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳамгироии махзанҳои маълумот» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Президенти кишвар, Раиси Шуро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки таъсиси Шуро идомаи мантиқии сиёсати давлат дар самти навсозии иқтисоди миллӣ, такмили идоракунии давла...
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати ҷашни Тиргон
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати ҷашни Тиргон

Ҳамватанони азиз! Фарорасии яке аз ҷашнҳои қадимаи қавмҳои ориёӣ – Тиргонро, ки бо обу борон, хуррамиву баракат ва дӯстиву ҳамкории инсонҳо пайванди ногусастанӣ дорад, ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон табрик мегӯям. Тиргон дар радифи дигар ҷашнҳои миллиамон – Сада, Наврӯз ва Меҳргон аз фарҳангу тамаддуни бостонии ниёгони мо дарак медиҳад. Ин ҷашнҳо на танҳо таҷассумгари ҷаҳонбинӣ, фарҳанги кишоварзӣ, эҳтиром ба табиат ва арзишҳои инсондӯстонаи аҷдоди тоҷиконанд, балки ҳалқаи пайванди ниёгони мо бо наслҳои имрӯзаву ояндаи миллатамон мебошанд. Тиргон, ки ҳазорсолаҳо инҷониб дар рӯзи сездаҳуми моҳи Тир ҷашн гирифта мешавад, ойини бузургдошти неъмати об, шукргузорӣ аз бориши борон, пухтани ҳосили зироатҳо, аз ҷумла гандум ва ҷашни заҳмати деҳқон ба шумор меравад. Дар ин рӯз ма...
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи СММ
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Паём, Президент, Хабарҳо

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи СММ

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» ва Рӯзи ваҳдати миллӣ Ҳамватанони азиз! Имрӯз барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми сулҳпарвари ҷаҳон рӯзи таърихӣ ва хотирмон мебошад. Дирӯз ташаббуси нави Тоҷикистон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид. Ба муносибати ин рӯйдоди таърихӣ мардуми сулҳпарвари кишварро самимона табрик мегӯям. Ҳамчунин, ба ҳамаи кишварҳои дӯст, шарикон ва созмонҳои байналмилалӣ, ки пешниҳоди Тоҷикистонро ҷонибдорӣ карданд ва ба қабули ин қат...
Ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»
АСОСӢ, Матбуот, Президент, Хабарҳо

Ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»

16 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд ва баъд аз қабули Қонун ба он имзо гузоштанд. Қабули Қонун «Дар бораи авф» ифодаи сиёсати инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ба шахсоне, ки даст ба ҷиноят задаанд, имкон медиҳад, ки ислоҳ шаванд, ба назди наздикону пайвандҳои худ баргашта, ба кору фаъолияти созанда машғул шаванд. Қонуни авф ба 18038 (ҳаждаҳ ҳазору сию ҳашт) маҳкумшуда татбиқ мегардад. Аз ҷумла, аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ, аз муассисаҳои сукунатӣ ва ҷазо...
КОРНОМАИ ТАЪРИХИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ 
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

КОРНОМАИ ТАЪРИХИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ 

19 май, бо иқдоми беназир ва таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муште аз хоки гӯри шахсиятҳои таърихиву ҷонфидои миллат - Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз шаҳри Москваи Федератсияи Русия ба Ватан оварда шуд. Маросими ҷаноза ва ба хок супоридани онҳо дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе бо риояи суннатҳои дини мубини Ислом ва эҳтироми хос баргузор гардид. Дар зер шарҳи ҳоли мухтасари ин се шахсияти қаҳрамону ҷоннисор ва фарзандони номдори миллат пешниҳоди хонандагон мегардад. НУСРАТУЛЛО МАХСУМ Нусратулло Махсум (Нусратулло Лутфуллоев) соли 1881 дар деҳаи Чашмаи Қозии водии Ғарм (ҳозира ноҳияи Рашт) дар хонаводаи деҳқон ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактабу мадраса гирифта, аз хурдӣ ба корҳои кишоварз...
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

29 апрел таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори маҷлис нахуст натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2026 ва вазифаҳо барои то охири соли 2026 баррасӣ шуд. Зимни суханронӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро дар семоҳаи якуми соли 2026 таҳлил намуда, дар назди масъулини сохторҳои давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вобаста ба вазъи сиёсии ҷаҳони муосир, маҳдудиятҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ба кишварҳои ҷаҳон ва оқибатҳои тағйирёбии иқлим, таъмин намудани суботи иқтисодӣ, ҳифзи бозори дохилӣ ва коҳиш додани таъсири оми...
ФАРМОНИ  ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АСОСӢ, Фармонҳо, Хабарҳо

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи сарфарозгардонии Субҳонова Г.С бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Барои саҳми арзанда дар рушди муносибатҳои фарҳанги байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон Субҳонова Гуландом Субҳоновна — роҳбари Маркази миллию фарҳангии тоҷикон дар Ҷумҳурии Узбекистон бо ордени Дӯстӣ сарфароз гардонида шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон ш. Душанбе, 24 марти соли 2026, N1156
Паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Сада
АСОСӢ, Мақолаҳо, Президент, Хабарҳо

Паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Сада

Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми ориёитабор – Сада самимона табрик мегӯям. Ҷашни Сада дар радифи дигар ҷашнҳои миллии мо мероси маънавии пурбаҳое аз аҷдоди некномамон мебошад, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ аз нав эҳё гардид. Бояд гуфт, ки бо вуҷуди монеаҳои сунъии дар тӯли асрҳои зиёд барои баргузории ҷашни Сада эҷодшуда миллати тоҷик онро ҳамчун арзиши зиндагисоз дар хотираи худ ҳифз намудааст. Зеро дар меҳвари Сада ғояҳои инсондӯстӣ қарор дошта, ин ойини бостонӣ мисли дигар ҷашнҳои миллии мо ифодагари пайванди азалии инсон бо табиат ва коинот, рамзи шодиву хурсандӣ, ободиву хуррамӣ, покиву озодагӣ, сулҳу осоиш ва пояндагии гармиву рӯшноӣ мебошад. Дар замони бостон ва махсусан, дар даврони Сомониён, ки ҷашни Сада бо шукӯ...
ПАЙКИ СУЛҲ
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Президент

ПАЙКИ СУЛҲ

Муқаддас доштани истиқлоли давлатӣ, ба ҷо овардани шукронаи давлати соҳибистиқлол ва Ватани озоду соҳибихтиёр вазифа ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад. Эмомалӣ Раҳмон Раҳи фархундагиву сарбаландӣ аст роҳи мо, Раҳи уммеди мушкилнописандӣ аст роҳи мо, Мақому манзалат андар баландӣ аст роҳи мо, Заволу сарнагуни мустамандӣ аст роҳи мо. Ватан бо мову мо ҳам бо Ватан пайванд, Ватан бо мову мо ҳам бо Ватан дилбанд. Зиҳӣ, эй Сарвари воло, Ки ин миллат туӣ, Меҳан туӣ, эй қалъаи номуси побарҷо, Адолатпешаиву дар миёни дидаву дил ҷо! Давлат Сафар...